Ҳифзу фарҳанги худу ҷалби сайёҳон: Файзов аз имконоти рушди ҷаҳонгардӣ дар ВМКБ гуфт

© Мақомоти ВМКБЁдгор Файзов - раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, зимни як ҳамоиш сайёҳиро аз зарфиятҳои асосии вилоят барои рушди босуръат арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раиси ВМКБ бо зикри зарбаи сахти коронавирус ба буҷаи ширкатҳои сайёҳӣ ва коҳиши теъдоди ҷаҳонгардон дар вилоят роҳҳои рушди ин бахшро зикр кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Файзов зимни ҳамоиш барои рушди ҷаҳонгардӣ, ки бо ҷалби мутахассисони таъриху фарҳанг ва бостоншиносӣ баргузор гардид, аз зарфиятҳои ҷалби сайёҳон гуфт.
Файзов бо зикри табиати дилкашу тамошобоб ва ҷойҳои зиёди таърихиву қуллаҳои осмонбӯс рушди соҳаи чаҳонгардиро асоси пешрафти вилоят маънидод намуд.
Туристы идут в поход - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Коҳиши якбораи вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон
Ӯ махсусан таъкид намудаст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифзи фарҳангу ҳунар ва ёдгориҳои таърихӣ ниҳоят муҳим мебошад.
“Мусиқии суннатӣ, рақсу суруд, урфу одатҳои мардумӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ, хонаи бадахшонӣ ва дигар меросҳои таърихӣ метавонанд ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон мусоидат намоянд”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.
Вай зикр намудааст, ки ахиран бо дастгири Ҳукумат тавассути Бонки ҷаҳонӣ 4,5 миллион доллар барои барқарор намудани қалъаи Ямчун ҷудо гардида, қарор аст, як қисми ин иншооти таърихӣ азнавсозӣ шавад.
Шодӣ Рашидбеков, коршиносони умури таблиғу бозорёбӣ дар шарҳи мавзуъ изҳор доштааст, ки феълан бояд барои муаррифии минтақа тариқи шабакаҳои интернетӣ дар бозорҳои Русия ва дигар кишварҳои ИДМ, Аврупо ва Чин маводи таблиғотӣ аз ҷумла наворҳои кӯтоҳ бештар паҳн гарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала