Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Хадамоти гумрук: гардиши мол миёни Тоҷикистону Афғонистон қариб, ки нест

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийГрузовые фуры, архивное фото
Грузовые фуры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Баъди вахим шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон гардиши мол аз Тоҷикистон бо ин кишвар қариб, ки сурат намегирад
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik.Хуршед Каримзода, раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш гуфт, вазъи бади амниятӣ дар Афғонистон ба гардиши мол бо ин кишвар таъсири амиқ расонид.
"Гардиши мол бо Афғонистон хело коҳиш ёфтааст ва ҳатто дар ҳоли ҳозир гӯем, ки қариб нест, хато намекунем", - гуфт Каримзода.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло аз ҷониби Афғонистон он нақлиёте ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ки дар роҳ буданд ва ё дар минтақаҳои гуногуни он кишвар қарор доштанд.
"Агар қаблан дар як рӯз 35 - 40 мошини бордор ҳам аз Афғонистон ва ҳам тавассути транзит аз ин кишвар ворид мешуд, ҳоло ин шумо дар баъзе рӯзҳо то се ё чор ва баъзан ҳатто ягонто нест. Рӯзҳое Мешавад, ки ду се рӯз ягон мошин ворид намешавад", - мегӯяд, раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Ӯ гуфт, содирот бошад, бо талаби он ширкатҳое, ки тавассути транзит ва ё аз Тоҷикистон ба Афғонистон машғуланд, бо талаби онҳо миқдори муаяне, ки дар сарҳад ҷамъ мешаванд ба он тараф интиқол дода мешаванд.
Хуршед Каримзода ҳамчунин гуфт, ки дар нимаи аввали соли 2021 гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 2,9 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36% бештар аст.
Ба гуфтаи вай, аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 1,8 миллиард доллар ба воридот, каме бештар аз 1 миллиард доллар ба содирот рост меояд. Нисбат ба соли гузашта воридот 24%, содирот 64% зиёд шудааст.
Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Афғонисон асосан тавассути гузаргоҳҳои гумрукии Панҷи поён ва Шерхон-Бандар сурат мегирад.
Шерхон-Бандар бузургтарин гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Афғонистон аст. Ин гузаргоҳ аз 22 июни соли ҷорӣ ба Толибон (ташкилоти террористии фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ) гузаштааст.
Боевики движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
“Да Амударя де!” - Толибон* сари пули Шерхон Бандар-Панҷи поён - видео
Баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО ва Амрико Толибон (ташкилоти террористии фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ) дар Афғонистон фаъол шудаанд. Ҳоло ҷанг барои гирифтани минтақаҳои аздастрафта миёни радикалҳо ва нерӯҳои амниятӣ бошиддат идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала