Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

"Одамон дар хонаҳояшон мурда истодаанд": ҳоли зори мардуми Бартанг дар пандемия - навор

© Flickr / Oleg BrovkoИностранные туристы на Памире. Архивное фото
Иностранные туристы на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Аз вазъи бисёр хароб дар водии Бартанги болои ВМКБ як корбари шабакаи иҷтимоии Facebook шиква намудааст
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар гурӯҳи Facebook -ии "Pamir News" корбаре бо номи Носирзода Фазила навор аз вазъи хароби роҳи мошингари водии Бартанги болои ВМКБ - ро интишор намудааст.
Роҳе, ки дар навор нишон дода шудааст, онро дарё комилан зер кардааст ва мусофирони як автомашина кӯшиш намудаанд, ки бо азобу машаққати зиёд мошинро аз ин роҳ гузаронанд.
Фазила дар зери навор навиштааст, аламовар аст вақте дар замони пандемияи коронавирус, сокинон натавонанд волидони маризи худро барои табобат ба бемористон баранд. Чун дар ин водӣ шарту шароит ва маводи доруворӣ алайзи ин вирус тамоман мавҷуд нест.
Вазъи бе ҳамин ҳам мушкили бошандагони водии Бартанги болоро роҳҳои харобу валангор дучанд намудааст.
Ӯ мегӯяд, ҳарчанд Вазири нақлиёт, раисони ВМКБ ва Бартанг иваз шуданд, аммо вазъи роҳи ин водӣ ҳамонгунае, ки буд, боқӣ мондааст.
"Мардуми бечора ба хотири начот додани чони як нафари бемор даххо чони дигарро дар хатар мегузоранд", - менависад ӯ.
Ин корбар вазъи коронавирус дар водии Бадтангро шарҳ дода навиштааст, ки "мардум дар хонаҳояшон мурда истодаанд".
"Вазьият бисер хароб ва дардовар аст...Кучостанд масьулин?! Ба доди мардуми бечора ки мерасад?!", - суол гузоштааст Фазила.
Манбаҳои мӯътамад аз ВМКБ низ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд, ки ҳоло дар вилоят вазъи коронавирус ниҳоят нигаронкунанда аст.
Беморхонаи вилоятӣ ва ҳамзамон бемористонҳое, ки дар ноҳияҳо қарор доранд, аз беморони вируси COVID - 19 пур ҳастанд.
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
"Moderna" - и амрикоӣ ба ВМКБ расид: Файзов гуфт, киҳо аввал ваксинзанӣ мешаванд
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 29 июл раиси вилоят Файзов Ёдгор хабар дод, ки ваксини сохти амрикоӣ "Moderna" - ро дастрас карданд ва бо 50 ҳазор вояи воридгардида нахуст табибону гирифторони бемориҳои ҳамрадиф, шахсони калонсол, инчунин кормандони соҳаи савдо ва дигар хизматрасониҳое, ки бештар бо мардум сару кор доранд, ваксинзанӣ мешаванд.
Раиси ВМКБ таъкид намуд, ки барои пурра таъмин намудани аҳолии аз 18 - сола боло бо ваксин ,300 ҳазор воя лозим аст.
Ҳоло бошад ба ин вилоят 55 ҳазор воя ваксин ворид шудааст, ки аз ин миён 50 ҳазор ваксини "Moderna" ва 5 ҳазор "AstraZeneka" мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала