Ҷанҷоли муносиботи маҳрамона? Сафири Молдова дар Русия ва Тоҷикистон бозхонд шуд

© Sputnik / Miroslav RotariВладимир Головатюк
Владимир Головатюк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Маълумот дар бораи барканор кардани дипломат Владимир Головатюк расман ҳоло шарҳ дода нашудааст
ДУШАНБЕ, 30 июл - Sputnik. Сафири Молдова дар Русия Владимир Головатюк саросемавор ба Кишинёв бозхонд шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
Мавриди зикр аст, ки ӯ инчунин давлатро дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон намояндагӣ мекунад.
Тибқи иттилои расмӣ, сафир барои машварат ва арзёбии фаъолияти намояндагии дипломатӣ ва инчунин ҷанбаҳое, ки ба фаъолияти ӯ марбутанд, ба Молдова даъват карда шуд.
Владимир Головатюк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2020
Таъйини сафири нави Молдова дар Тоҷикистон
Роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии Аврупо Даниэл Вода дар муколама бо ТАСС гуфтааст, ки бозхонди сафир ба муносибатҳои Русия ва Молдова дахл надорад.
Мақомоти расмӣ ва намояндагони Молдова низ аз шарҳи расмии вазъ худдорӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки пойгоҳи хабарии Deschide.md дар мавриди бозхонди намояндаи кишвар маълумоти комилан дигар дорад. Тибқи иттилои расонаҳо, дипломат дар як ҷанҷоли муносиботи маҳрамона шарик аст.
Тибқи иттилои нашрияи Молдова, бо такя ба қурбонии таъқибот, сафир кӯшиш кардааст, ки корманди сафоратро ба муносибати маҳрамона водор созад.
Худи Головатюк маълумот дар бораи дастдарозиро рад мекунад ва мегӯяд, ки таътили худро дар Молдова мегузаронад.
Андрей Негуца - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2020
Барои "амали нангин": Сафири Молдова дар Тоҷикистон барканор шуд
Владимир Головатюк ба вазифаи сардори намояндагии дипломатӣ моҳи декабри соли 2020 таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки собиқ дипломати Молдова дар ин курсӣ Андрей Негутса низ пас аз як ҷанҷол дар сатҳи баланд марбут ба қочоқи дар мошини дипломатӣ ёфтшуда аз кор сабукдӯш карда шуд.
Ба гуфтаи намояндагони ҳукумати Молдова, ҳатто агар Негута бо қочоқ робитаи мустақим надошта бошад ҳам, вай бавосита дар ҷиноятҳое, ки дар зери пӯшиши шӯъбаи дипломатӣ рух додаанд, гунаҳгор аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала