Мансабҳои холӣ дар Кумитаи андоз: Давлатзода аз 2 талаби асосию камбуди занони корҷӯ гуфт

© Sputnik Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, дар ниҳоди тобеяш ҷойҳои кории холӣ зиёданд
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, воҳидҳои холии корӣ дар ВМКБ, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳатто Душанбе низ доранд, ки шумори умумияшон то ба 80 – 100 адад мерасад.
Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки баъзан кормандони мақомоти андоз даст ба ҷиноят мезанад, қонуншиканӣ мекунанд ва аз мақомашон озод мешаванд. Ӯ афзуд, ки ба бархе кормандон барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат дода мешавад, аммо саривақт иҷро намекунанд ва барканор мегарданд.
Давлатзода изҳор дошт, ки барои ишғоли мансабҳои холӣ мунтазам озмун мегузаронанд. Ӯ бо таассуф аз сатҳи пасти донишу малакаи довталабон гуфт, ки ба талаботи тахассусӣ ва муқаррароти дастурамал ҷавобгӯй нестанд.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Ба ғайр аз "Барқи Тоҷик": Кумитаи андоз калонтарин қарздоронро ном бурд
Раиси Кумитаи андоз донистани забони давлатиро зикр намуд, ки яке аз талаботи калидӣ барои кор дар Кумита мебошад. Ба гуфтаи Давлатзода зиёда аз ду сол аст, ки аз довталабон диктант гирифта мешавад ва аксарият ба озмун роҳхат нагирифта, аз диктант баҳои манфӣ мегиранд.

“Ин хел ҳолатҳо бисёр аст, ба одитарин саволҳо ҷавоб додан наметавонанд. Талаботи дигари мо кор бо компютер аст. Агар дониши назариявӣ дошта бошаду бо компютер кор кардан натавонад, дар Кумита умуман фаъолият кардан наметавонад”, - изҳор дошт Давлатзода.

Ӯ афзуд, ки кӯшиш мекунанд, занонро ба кор бештар қабул кунанд, аммо занони довталаби кор дар Кумита кам мебошанд.
Раиси Кумитаи андоз таъкид намуд, ки талош мекунанд, ҳар ду – се моҳ озмун гузаронанд, то мутахассисонро пайдо намоянду ба кор ҷалб созанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала