Марги дигар: эълони омори гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в Душанбе
Люди в масках в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Дар Тоҷикистон тайи чанд рӯзи ахир бар пояи омори расмӣ якфавтӣ аз коронавирус сабт мешавад
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 84 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 76 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон вазорат хабар додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, аз ин беморӣ як нафар ҷон бохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 121 нафар расид.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14929 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14389 нафар шифо ёфтаанд.
Аброр Назаров -сарояндаи шинохтаи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Аброр Назаров гирифтори вируси корона шуд: ӯ гуфт, "ин дӯзах аст"
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала