Олимпиада барои шиноварони тоҷик Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов низ хотима ёфт

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкПловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем
Пловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Олимпиадаи Токио - 2020 барои ду шиновари тоҷик Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов низ бидуни дастоварде хотима ёфт
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Шиноварони тоҷик Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов имрӯз 30-юми июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар риштаи шиноварӣ ҳанарнамоӣ карданд.
Ҳарду варзишгари кишвар дар намуди шиноварии тарзи озод дар масофаи 50 метр вориди рақобатҳо шуданд.
Анастасия Тюрина рақобатро дар гурӯҳи сеюм шуруъ карда, масофаи муқарраршударо дар 29,05 сония аввалин шуда дар гуруҳи худ пушти сар кард. Аммо аз рӯи натиҷаи умумии нишондодаи дигар варзишгарон ӯ имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст дод.
© Национальный олимпийский комитет РТЧлены сборной Таджикистана по плаванию Анастасия Тюрина и Олимжон Ишанов
Члены сборной Таджикистана по плаванию Анастасия Тюрина и Олимжон Ишанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Члены сборной Таджикистана по плаванию Анастасия Тюрина и Олимжон Ишанов
Олимҷон Ишонов низ, ки дар гурӯҳи сеюм рақобат кард, миёни рақибони худ чорумин шуда бо нишондоди 26,12 ба марра расид, ки ин натиҷа барои роҳёбӣ ба марҳилаи нимниҳоӣ кофӣ набуд.
Ҳамин тариқ 32-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио - 2020 барои ҳарду шиновар хотима ёфт.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ барои ҷудокорони тоҷик Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён қаблан хотима ёфт.
Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Темур Раҳимов низ шикаст хӯрд: Олимпиадаи Токио барои ҷудокорони тоҷик хотима ёфт
Дар риштаи бокс қаблан дар ин мусобиқот Шаббос Неъматуллоев ва Сиёвуш Зуҳуров дар даври аввали рақобатҳояшон мағлуб гаштанд.
Фардо ду намояндаи дигари Тоҷикистон Илнур Аҳмадиев аз варзиши сабук ва Баҳодур Усмонов бо ҳарифи ӯзбекаш Элнур Абдураимов ба майдон меояд.
Бозиҳои олимпии Токио - 2020 то 8 августи соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0