Пешравиҳои нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Тахор - навор

© AP / Rahmat GulАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Мақомоти вилояти Тахор аз пешравиҳои нерӯҳои амниятии Афғонистон дар перомуни шаҳри Толиқон хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 июл - Sputnik. Дафтари матбуоти мақомоти вилояти Тахор хабар додааст, ки дар амалиёти муштараки нерӯҳои далери амниятӣ ва хезишҳои мардумӣ, ки субҳи имрӯз ба роҳбарии масъулини маҳалии Тахор дар атрофи шаҳри Толиқон оғоз гардида буд, чандин минтақа аз вуҷуди террористон поксозӣ шуд.
Дар идомаи ин хабар гуфта шудааст, ки дар ин амалиёт ба Толибон* талафоти сангин ворид гардида ва шаш тан аз онҳоро нерӯҳои муштарак асир гирифтанд.
Дар поёни ин хабарномаи мақомоти Тахор навишта шудааст, ки амалиёти поксозӣ ва пешрафти нерӯҳои амниятӣ ва дифоӣ шадидан идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки дар моҳҳои пеш Толибон* ҳамаи вулусволиҳои вилояти Тахорро аз контроли нерӯҳои давлатии Афғонистон берун кард.
Дар Афғонистон муқовимати низомиёни ҳукуматӣ бо Толибон идома дорад. Ҷангиён моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар фаъол шуданд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала