Раҳмон ба ҳавз моҳӣ партофту моҳидорӣ кард - навор

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ду ноҳияи Суғд - Шаҳристон ва Ҷаббор Расулов ва Спитамен чанд иншооти навро ифтитоҳ кард
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навори рафти сафари президент Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳияҳои Шаҳристон ва Ҷаббор Расулов нашр кардааст.
"Меҳросо": дар Хуҷанд кӯдакистони ятимон ифтитоҳ шуд
Дирӯз, 29 июл президент дар Шаҳристон хати оби нӯшокиро ба истифода дод, мактаби миёна ва майдони Парчами миллиро ифтитоҳ кард ва бо сокинон мулоқот намуд.
Ҳамчунин аз фермаи паррандапарварӣ ва рафти ҷамъоварии картошка боздид намуд.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маросими ифтитоҳи ҳавзи моҳиправарӣ иштирок кард. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳавз моҳӣ андохт ва моҳидорӣ намуд.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дидан кард.
Идомаи сафари корӣ: Раҳмон корхонаи “Суғд-саноат-паранда”-ро дар Бӯстон ифтитоҳ кард
Дар ноҳияи Спитамен дар маросими ифтитоҳи қасри Сомониён" иштирок кард ва аз корхонаи паррандапарварӣ дидан намуд.
Феълан сафари кориии кишвардор дар Суғд идома дорад ва ӯ дар Хуҷанд қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0