Зодрӯзи Ҳабибулло Саидмуродов: рӯзи 30 июл дар таърих

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 30 июля
День 30 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Рӯзи байналмилалии дӯстӣ, рӯзи ҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон ва дар Вануату – рӯзи истиқлол

Рӯзи 30 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1900 дар Бритониё меҳнати кӯдакон манъ карда шуд.
Соли 1921 Ҳизби коммунистии Африқои Ҷанубӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 30 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Белорус баргузор гардид.
Соли 2009 баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳои президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баёнияи муштарак оид ба ҳамкории сеҷониба ба имзо расид.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20-солагии Истиқлол 280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.
День 29 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Зодрӯзи Ҳасан Ҳайдаров: рӯзи 29 июл дар таърих
Соли 2012 "Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020" тасдиқ карда шуд.
Соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон" таъсис дода шуд.
Соли 2013 масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Соли 2015 дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 июл

Рӯзи байналмилалии дӯстӣ
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон
Дар Вануату – Рӯзи Истиқлолият

Рӯзи 30 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1913 - Евдокия Носик, рассом, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Соли 1933 - Ҳабибулло Саидмуродов, академик.
Соли 1936 - Усмон Олим, шоир, журналист.
Лентаи хабарҳо
0