Сафари Латиф Пидром ба Бадахшон - акс

© Dr. Latif Pedram/facebookDr. Latif Pedram
Dr. Latif Pedram - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Намояндаи пешини маҷлиси намояндагони Афғонистон аз сафараш ба Бадахшон хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Абдуллатиф Пидром, раиси ҳизби конгураи миллии Афғонистон аз сафараш ба Бадахшон хабар дод.
Ӯ дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки аз сафараш ба Бадахшон ба зудӣ гузориш хоҳад дод.
Бар пояи бархе аз гузоришҳо, дар ҳоле ки марзи вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон таҳти назорати ҷангҷӯёни Толибон* ҳастанд, Латиф Пидром аз масири Тоҷикистон ба Бадахшон рафта аст.
Вай то ҳол дар бораи чӣ гуна ва барои чӣ ба Бадахшон рафтанаш чизе нанавиштааст.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳҳои ахир аксари навоҳии вилояти Бадахшон ба дасти ҷангҷӯёни Толибон* афтодаанд.
Ёдовар мешавем, вазъият дар Афғонистон феълан ноам аст ва задухӯрдҳои шадид миёни неруҳои ин кишвар ва ҷангиёни Толибон* башиддат идома дорад.
Толибон* иддао мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсади қаламрави ин кишварро ба тобеияти худ даровардаанд, вале Ҳукумати Кобул ин иддаҳоро дур аз воқеият медонад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0