Темур Раҳимов низ шикаст хӯрд: Олимпиадаи Токио барои ҷудокорони тоҷик хотима ёфт

Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Олимпиадаи Токио - 2020 барои ҷудокорони тоҷик бидуни дастоварде хотима ёфт
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов, ки охирин умед аз миёни ҷудокорони кишвар барои дарёфти медали олимпӣ гуфта мешуд, шикаст хӯрд
Темур Раҳимов, нахустин дидорашро субҳи имрӯз бо варзишгари Куба Энди Гранда аз бо пирӯзӣ анҷом дод, аммо дар даври баъди аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ шикаст хӯрдаву аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.
Паҳлавони 24-сола тоҷик дар вазни беш аз 100 кило вориди сабқат шуда буд.
Варзишкори гурҷӣ аз ҳарифони сарсахти Темур гуфта мешавад, ки дорандаи унвони қаҳрамони ҷаҳони соли 2018 дар Боку мебошад ва дар радабандии ҷаҳонӣ дар зинаи шашум ҷойгир аст.
Инчунин Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио - 2020 ҷудокорони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён қаблан хотима ёфт.
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Олимпиада барои Сиёвуш Зуҳуров низ хотима ёфт: бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд
Дар риштаи бокс қаблан дар ин мусобиқот Шаббос Неъматуллоев ва Сиёвуш Зуҳуров дар даври аввали рақобатҳояшон мағлуб гаштанд.
Имрӯз ҳамзамон аз шиноварӣ Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов вориди сабқат мешаванд.
Фардо Илнур Аҳмадиев аз варзиши сабук ва Баҳодур Усмонов бо ҳарифи ӯзбекаш Элнур Абдураимов ба майдони бок меояд.
Бозиҳои олимпии Токио - 2020 то 8 августи соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала