Ӯзбекистон ба муҳоҷирони худ маблағи чипта ва раводидро ҷуброн мекунад: Тоҷикистон чӣ

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация у миграционного центра в Подмосковье
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Ӯзбекистон ба муҳоҷирони худ як қисм маблағи масрафкардаи онҳо барои хариди чиптаи ҳавопаймоӣ ва раводид ҷуброн мекунад
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Ҳукумати Ӯзбекистон ба муҳоҷирони меҳнатии худ як қатор имтиёзҳои муфид хоҳад дод, хабар медиҳад mtrk.uz.
Тибқи қарори имзошудаи ҳукумати кишвар муҳоҷирон метавонанд, як қисми хароҷоти шахсии худро ҷуброн кунанд.
"Нафароне, ки дар Маркази "Ишга Марҳамат" - и коллеҷи Вазорати меҳнат муваффақона имтиҳонҳо аз забони русиро месупоранд, ҳудуди 70 доллар масрафоти онҳо барои ин имтиҳон ҷуброн карда мешавад".
Инчунин, то охири соли равон 20 ҳазор шаҳрванд беш аз 14,5 миллиард сӯм, муодили 1,3 миллион доллар ҷубронпулӣ хоҳанд гирифт.
Денежные переводы с помощью Золотой Короны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2021
Ӯзбекистон гуфт, даромадаш аз маблағи муҳоҷирон афзоиш ёфт
Маълум гардид, ба шаҳрвандоне, ки дар марказҳои таълимии касбӣ - забонӣ имтиҳон месупоранд, 46 доллар аз ҳисоби хароҷоти чипта хоҳанд гирифт.
Манбаъ меафзояд, имсол тақрибан 70 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Ӯзбекистон метавонанд аз имтиёзҳои ҳукуматӣ бархӯрдор гарданд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии ҷуброн аз 33,5 миллиард сӯм (3,1 миллион доллар) зиёд хоҳад буд.
Ғайр аз ин, ба нақша гирифта шудааст, ки ба муҳоҷирон барои гирифтани раводиди корӣ ба кишварҳои пешрафта 113 доллар ҷубронпулӣ дода шавад.
Илова бар, муҳоҷироне, ки дар хориҷи кишвар маҷрӯҳ мешаванд ва ё дучори ягон садама мегарданд, ба таври ройгон бо фарзандони ноболиғи худ ба Ӯзбекистон оварда мешаванд.
Дар Тоҷикистон чунин имтиёзҳо барои муҳоҷирони корӣ вуҷуд надорад. Илова бар ин, нархи чиптаи ҳавопаймоӣ самти Русия, ки муддатҳост шаҳрвандон коҳиши нархи онро талаб мекунанд, бидуни тағйир мондааст.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Субҳонзода шарти арзон шудани нархи чипта ба самти Русияро гуфт
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ ахиран зимни нишасти хабарӣ гуфт, нарх танҳо дар сурате коҳиш меёбад, агар парвозҳои мустақим барқарор шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, парвозҳои мустақим то сурат нагирифтани ваксинзании оммавӣ, ғайриимкон аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала