Борону раъду барқ: дамои ҳавои Тоҷикистон барои 31 июл

© Sputnik / Стас ЭтвешВид на Дворец президента в Душанбе
Вид на Дворец президента в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Чангу ғубор боқӣ мемонад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Чангу ғубор боқӣ мемонад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
КҲФ аз фаромадани сел, ҳавои чанголуд ва боди шадид ҳушдор медиҳад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Туфони чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Раъду барқ ба амал меояд. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала