Дастури Аҳмадзода алайҳи коронавирус: 1,8 миллион сокини Суғд ваксина мегиранд

© дафтари матбуоти раиси вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо баргузории ҷаласаи Ситоди мубориза бо коронавирус хостори пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Раиси вилояти Суғд дар ҷаласаи Ситод гузориши масъулинро шунида, таъкид намудааст, ки беш аз 1,8 миллион сокини вилоят бояд ваксина гиранд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки то ҳол 112 ҳазор сокинони вилоят ваксина гирифтаанд.
“Айни замон барои 500 ҳазор нафар ваксина ворид гардида, баъди ду рӯз иловатан 500 ҳазор воя ворид хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, дар вилоят 1 миллиону 812 ҳазор нафар сокинони аз 18ғсола боло зиндагӣ доранд ва марҳила ба марҳила ҳамаи онҳо ваксина хоҳанд гирифт.
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 15 ҳазор нафар гузашт
Раиси вилоят дастур дод, ки барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуда, ҷиҳати тақвияти корҳои безараргардонӣ мунтазам чораандешӣ гардад.
Бори дигар таъкид карда шуд, ки риояи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳатмӣ буда, сокинон бояд қоидаҳои беҳдоштиро пурра риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала