“Вақти аёдати писараш гирифтори СOVID – 19 шудаст”: даргузашти собиқ вакили парлумон

© Sputnik / Амир ИсаевЧетки в руках верующего
Четки в руках верующего - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Шодибек Аҳмадов, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва яке аз соҳибкорони шинохта дар шаҳри Панҷакент бар асари бемории коронавирус даргузаштааст
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Шодибек Аҳмадов, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки солҳои охир соҳибкорӣ мекард, ҳангоми аёдати писараш дар шаҳри Хуҷанд гирифтори коронавирус шуда, бегоҳи 30 июл даргузашт, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон. Ӯ 66 сол дошт.
Манобеъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Аҳмадов бист рӯзи пеш, барои аёдати писараш ба Хуҷанд рафта дар он ҷо гирифтори коронавирус шудааст.
“То ҷое хабар дорем, барои аёдати писарашон Умарбек, ки дар Хуҷанд бемор шудааст, сафар кардаанд. Дар ҳамон ҷо гирифтори коронавирус гардида, таҳти муроқибати табибон қарор дошт, вале бегоҳии дирӯз ҷон ба Ҳақ таслим намудаанд”, - изҳор дошт мусоҳиб.
Аҳмадов Шодибек Умарович, 1 январи соли 1955 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буд. Корашро аз агрономи колхоз оғоз карда, дар замони шӯравӣ то котиби якуми ҳизби коммунистӣ дар Панҷакент расидааст.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
"Даргузашти бармаҳал": андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз фавти модари 98 - солаи Гутерриш
Аҳмадов аввали солҳои 2000-ум вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, солҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд. Аз ҷумла ӯ молики маркази хизматрасонии “Умариён” дар шаҳри Панҷакент буда, фаъолияти онро идора мекардааст.
Ҷанозаи Шодибек Аҳмадов, қабл аз зуҳри 31 июл дар қабристони маъруф ба “Таги камар” - и шаҳри Панҷакент бо иштироки пайвандон ва дӯстону ҳамкорони собиқаш ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала