Низомиёни Русия ба марзи Ӯзбекистон бо Афғонистон меоянд - видео

Машқҳои низомии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ин вокуниш ба вазъи хатарнок дар Афғонистон мебошад
Низомиёни Русия барои иштирок дар машқҳои муштарак дар размоишгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон ҷамъ меоянд. Размоишҳо дар наздикии марз бо Афғонистон амалӣ мешаванд.
Машқҳо дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар кишвари ҳамсоя роҳандозӣ гардида, дар доираи он низомиёни ду кишвар вазифаҳое ба монанди ошкор ва нест кардани пойгоҳҳои пинҳонии душмани шартӣ ва пешгирии ҳамлаҳои эҳтимолиро ҳал мекунанд.
Дар тамринҳо 200 адад техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳо ва зиёда аз 1500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.
Тоҷикистон низ дар наздикиҳои марзи Афғонистон чунин машқҳоро анҷом медиҳад. Воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 - и Русия аллакай дар размоишгоҳи Ҳарб-Майдон, ки дар 20 километрии марзи Афғонистон ҷойгир аст, қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала