Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Талаби 4 соли зиндон ба блогери тоҷик, барои "пранк" дар метрои Маскав

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкЗаседание суда по делу срочника Шамсутдинова
Заседание суда по делу срочника Шамсутдинова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Обуна шудан
Ба шарикони пранкер то се соли зиндон таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 31 июл - Sputnik. Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд хостааст, ки "пранкер" Кароматулло Ҷаборовро, ки дар қатори метро худро гӯё гирифтори коронавирус вонамуд кардаву ба фарш партофт ва он боиси ҳароси бошандагон шуд, ба 4 соли зиндон маҳкум кунад.
Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти Суди Пресненскии шаҳри Маскав хабар дод.

йбдоркунанда ба суд муроҷиат карда, дархост кард, ки судшавандагон дар содир кардани ҷиноят тибқи қисми 2 моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (авбошӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содиршуда) гунаҳкор дониста шуда, ба Кароматулло Ҷаборов 4 сол ҳукми зиндони низоми умумӣ дода шавад”, - гуфта мешавад дар изҳороти додгоҳи Маскав.

Ду иштирокчии дигари наворгирии пранк имкон дорад то 3 солӣ зиндонӣ шаванд.
Қайд карда мешавад, ки ҳукми ниҳоӣ блогерҳои тоҷик 2 августи соли равон эълон карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2020 Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як ҷавоне хабар дод, ки барои сабти "пранк" дар метрои Маскав худро гирифтори коронавирус вонамуд карда ба фарши роҳрав мепартояд, ки боиси ҳароси бошандагон мегардад.
Тавре дар видеое, ки дар интернет паҳн шудааст, дида мешавад, ҷавони тоҷик дар даҳонаш ниқоб вориди вагон мешаваду худро ба фарш мепартояд ва ба дасту по задан медарояд.
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2020
"Пранк"-е, ки оқибаташ вой шуд: блогери тоҷикро 7 соли зиндон таҳдид мекунад
Иштироркдори дувуми "пранк", ин вақт фарёд мезанад, ки "коронавирус инҷост, зудтар гурезед!" ва мусофирон дар ҳоли парешон аз вагон фирор мекунанд.
Баъдтар, шӯхӣ дар шабакаи Ҷаборов дар Ютюб гузошта шуд.
Кормандони пулиси Маскав бар асоси моддаи "Авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Бар асоси ин қонун, муҳоҷири тоҷикро 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Вакили дифои Ҷабборов он замон шӯхии ҷавонро чун кӯшиши ҷалб кардани диққати мардум ба маризӣ маънидод карда буд.
Лентаи хабарҳо
0