Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Пешниҳоди ҷорӣ кардани 20 рӯз қарантина дар Тоҷикистон: муроҷиатномаи Ҳизби демократ

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе прогуливаются в парке Фирдавси, архивное фото
Жители города Душанбе прогуливаются в парке Фирдавси, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Аз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дасхост шудааст, ки дар кишвар қарантин ҷорӣ кунад
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар пайи вахим гаштани вазъи паҳншавии коронавирус дар кишвар Ҳизби демократи Тоҷикистон аз роҳбарияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дархости эълони қарантина шудааст.
Дар муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки онро раҳбараш Саидҷаъвар Усмонзода нашр кард, гуфта мешавад, тавре ба мушоҳида мерасад, рӯзҳои охир бемории ҳамагири Ковид-19 дар саросари ҷумҳурӣ дар ҳоли афзиш ёфтан аст.
"Дар моҳҳои қаблӣ хабари густариши ин беморӣ дар кишвар хеле кам ба назар мерасид. Вале дар ин моҳи охир хабари паҳн шудани беморӣ дар шаҳру деҳкадаҳои кишвар зиёдтар шудааст. Одамон аз афзоиши шумораи гирифторшудаҳо дар беморхонаҳо ва манзили зисташон хабар медиҳанд", - омадааст дар муроҷиатномаи Ҳизби демократ.
Ба гуфтаи раҳбарияти ин ҳизб, дар ин чанд моҳи охир аз тарафи шаҳрвандон иҷрои талабот ва маслиҳатҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус – ковид-19 хеле коҳиш пайдо кардааст.
"Мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: бозору мағоза, коргоҳу истироҳатгоҳ ва дохили воситаҳои нақлиёт, марказҳои хӯроки умумӣ фосилаи иҷтимоӣ ва тартиби истифодаи ниқоби муҳофизатиро риоя намекунанд. Ҳолати беҳдошти хеле аз бозору фурӯшгоҳҳо, дохили воситаҳои нақлиёт ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест", - гуфта мешавад дар муроҷиатнома.
Дар баробари ин вазъи тоқатфарсои фасли гармо ва ҳавои гилолуди чанд рӯзи охир дар пойтахт ва чанд шаҳру деҳотҳо заминаи афзоиши бемориро бештар сохтааст, таъкид кардаанд рабарияти ҳизб.
Люди на улице в Душанбе в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Пешниҳоди сокинони пойтахт ба Расулзода ва Абдуллозода: "ду ҳафта қарантин эълон кунед"
Гуфта мешавад, ин дар давраест, ки давлат ва мардуми мо барои истиқболи Ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
Ба гуфти демократҳо, ин ҷашн ва ин сана барои мардуми мо хеле азиз аст ва он бояд ба таври шоиста истиқбол гирифта шавад.
"Бинобар ин барои пешгирии афзоиши беморӣ дар миёни мардум ва суръат бахшидан ба табобати гирифторон пеш аз истиқболи Ҷашни 30-солагии истиқлолият пешниҳод мекунем, ки дар саросари ҷумҳурӣ ба муддати 20 рӯз карантин эълон карда шавад", - омадааст дар муроҷиатнома .
Ёдовар мешавем, ин нахустин чунин пешниҳод набуда, қаблан сокинони пойтахт низ дар як номаи дастаҷамъӣ аз Қоҳир Расулзода, раҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ дархост карданд, ки дар кишвар ду ҳафта қарантина ҷорӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала