Раҳмон гуфт, қафо мондем: “дипломдор садҳо ҳазору мутахассис ангуштшумор” – видео

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на совещании
Эмомали Рахмон на совещании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз зиёд будани дипломдорҳою кам будани мутахассисони сатҳи баланд, аз ҷумла дар мубориза бо коронавирус дар ҷумҳурӣ гуфт
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, давлат ниёз ба кадрҳои ҳозиразамон дорад, ки Тоҷикистон дар ин бахш хеле ақиб мондааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар мулоқот бо фаъолон дар вилояти Суғд, кишварҳои дигарро мисол овард, ки бо суръати кайҳонӣ тараққӣ доранду техникаю технологияи ҷадидро соҳибанд. Ӯ бо таассуф афзуд, ки мо дар ин самт бисёр қафо мондем.
“Диплом дода истодаем, садҳо ҳазор, лекин мутахассисони дорои касбияти баланд ангуштшумор”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бар асоси гузоришҳо коронавирус оилаи ӯро низ мотамзада кардааст, аз камбуди мутахассисон дар мубориза бо ин беморӣ дар ҷумҳурӣ гила кард.
“Ҳатто дар ҳамин мубориза бо касалии COVID-19 мо танқисӣ мекашем. Вирусологҳо надорем. Онҳое, ки оид ба касалиҳои шушу сироятиянд, нест, бениҳоят кам, ангуштшумор. Акнун ба хориҷа равон карда истодаем, ки таҳсил кунанд”, - афзуд раисиҷумҳур.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ахиран камбуди мутхассисони соҳаи бактериология ва вирусология дар ҷумҳуриро эътироф карда, изҳор дошт, ки бо Белорус созиш шудааст, ки баъди аз саргирифтани парвозҳо 15 мутахассиси тоҷик давоми ду моҳдар дар ин кишвар бабозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Шарҳи Вазорат дар бораи “латукӯбу мубталои коронавирус шудани вазир”: дар Маскав аст
Гилаи Раҳмон аз камбуди мутахассисон дар мубориза бо коронавирус дар ҳолест, ки бар пояи иттилои расмӣ дар ҷумҳурӣ аз аввали бақайдгирии ин беморӣ то 30 июл 15 ҳазору 4 нафар гирифтор ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 14 ҳазору 470 нафар ё худ 96,4% шифо ёфтаанд. Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар расман 121 нафар гуфта мешавад. Бархе аз корбарон мегӯянд, аслан ин нишондод бештар аст.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 1 июли соли 2021 миқдори умумии табибон дар ҷумҳурӣ 20 ҳазору 221 нафар ва кормандони миёнаи тиб 58 ҳазору 614 нафарро ташкил дод. Манбаъ афзуд, ки сари 10 ҳазор аҳолии Тоҷикистон 21,7 нафар табиб ва 62,9 нафар корманди миёнаи тиб рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0