Зебинисо Рустамова шарҳ дод, ки чаро олимпиадачиёни тоҷик дар Токио ноком шуданд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976
Зебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Варзишгари барҷастаи тоҷик натиҷаҳои мунтахаби Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио - 2020 шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 31 июль - Sputnik. Ҳеҷ як варзишгари олимпии Тоҷикистон аз рӯи намуди варзиши худ ба марҳилаҳои ниҳоии мусобиқа роҳ наёфтааст. Ҷудокорон аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд, ҳама боксчиён баромадҳои худро ба охир расонданд, шиноварон ва даванда низ натавонистанд ба зинаҳои болоӣ роҳ ёбанд.
Камонкаши маъруф, роҳбари Анҷумани олимпиадачиёни тоҷик Зебинисо Рустамова дар бораи сафари бемуваффақияти тими миллии Тоҷикистон ба Олимпиада изҳори назар кард.
Вай гуфт, ки барои тими миллӣ ҳаводории зиёд кард ва умед дошт, ки касе соҳиби медал мешавад.
"Ин барои мо душвор аст, хеле душвор. Бисёр афсӯс, аммо онҳо қариб рақобатпазир нестанд. Зиёда аз ин, ҳамаи онҳо интихобӣ ҳастанд, аммо камбудиҳо ва хатоиҳо мавҷуданд. Ба андозаи бештар - дар омодагӣ. Тобоварӣ нест", - қайд кард Рустамова.
Илова ба тими мунтахаби Тоҷикистон, Зебинисо Рустамова барои варзишгарони Русия ва дигар кишварҳои Шӯравии собиқ дар Олимпиадаи 2020 мухлисӣ мекунад.
Ба гуфтаи вай, Русия як қадами бузурге ба пеш гузошт, ки як вақтҳо варзишро аз ҷавонон ҷудо кард (маънои тақсим ба ду ҳолати мустақили Вазорати варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон - таҳрир). Ҳоло вай ба рӯзҳои пешинааш бармегардад. Зебинисо Рустамова дер боз пешниҳод кардааст, ки дар Тоҷикистон низ ҳамин тавр амал кунанд, аммо ҳама чиз бетағйир боқӣ мемонад.
Сборная Таджикистана на в Олимпиаде в Токио 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Тоҷикистон дар Олимпиадаи Токио бе медал монд
"Вақти он расидааст, ки варзишро аз ҷавонон ҷудо кунем. Барои азнавсозии зиёде, кор дар тайғирот дар сатҳҳои гуногун лозим аст. Дар Бозиҳои қаблӣ Дилшод Назаров аз тани ҳама посух мегуфт, аммо ҳоло вай дар тими миллӣ нест", - гуфт мутахассис.
Роҳбари Анҷумани олимпиадачиёни Тоҷикистон маслиҳат дод, ки аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ибрат гиранд: Ӯзбакистон дар ҳисоби ҷадвал ду, Туркманистон як ва Қазоқистон се медал доранд.
"Дар мавриди тими миллии Тоҷикистон, ман мехоҳам илова кунам, ки умедворам хулосаҳои дуруст бароварда шаванд ва даври навбатии олимпӣ барои мо беҳтар хоҳад буд", - хулоса кард Зебинисо Рустамова.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала