Шикасти Толибон* дар ҷангҳо барои вилояти Ҳироти Афғонистон

© REUTERS / OMAR SOBHANIВооруженные люди, выступающие против восстания талибов
Вооруженные люди, выступающие против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Яке аз минтақаҳои шимолии Афғонистон аз ҷангҷӯён пок карда шуд
ДУШАНБЕ, 31 июл - Sputnik. Нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯён барои вилояти Ҳирот дар шимолу ғарби Афғонистон набардҳои шадид мебаранд.
Як силсила задухӯрдҳо замоне сар заданд, ки низомиёни афғон минтақаи Ғузари вилояти Ҳиротро аз Толибон* бозпас гирифтанд. Дар ҷараёни амалиёт беш аз 100 ҷангҷӯён несту нобуд карда шуданд.
Баъзе манбаъҳо гузориш медиҳанд, ки ҳамалоти ҳавоӣ барои тағир додани вазъ кумак кардааст.
Пожарные тушат горящие многоквартирные дома после израильских авиаударов в городе Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Толибон* мегӯянд, ки онҳоро Ҳинд бомбаборон мекунад
Пас аз як муддати кӯтоҳ, Толибон* дубора ҷамъ шуданд ва хостанд аз дигар самтҳо ба Ҳирот ҳамла кунанд ва онҳо ҳатто тавонистанд дар минтақаҳои ҷанубӣ мавқеъ пайдо кунанд.
Губернатори вилоят Абдулсабур Ғана гуфт: "Ҳамлаи густурдаи ҷангҷӯён дар вилояти Ҳирот дар ғарби кишвар ноком шуд ва онҳо талафоти зиёд доданд".
Фурудгоҳи Ҳирот низ таҳти назорати нерӯҳои амниятии Афғонистон қарор дорад.
Сиёсатмадор гуфт, ки дар ҷараёни даргириҳо 150 ҷангҷӯ кушта ва 505 захмӣ шуданд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала