Тоҷикистон дар Олимпиадаи Токио бе медал монд

Сборная Таджикистана на в Олимпиаде в Токио 2020
Сборная Таджикистана на в Олимпиаде в Токио 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Обуна шудан
Тими миллии Тоҷикистон ба хазинаи олимпии кишвар ягон медал наовар
ДУШАНБЕ, 31 июль - Sputnik. Тоҷикистон барои медалҳои олимпӣ дигар ягон имокн надорад: ҳамаи варзишгарон баромадҳои худро дар риштаҳои худ ба анҷом расонданд.
Гулсумбӣ Шарифова аввалин шуда пеш аз сафар ба Токио бинобар бардоштани лат ҳангоми тамрин аз Олимпиада маҳрум гашт
Дар натиҷа танҳо 10 варзишгар аз Тоҷикистон ба Токио парвоз карданд.
Нахустин шуда, дар Ҷопон дар марҳилаи 1/16 муштзани тоҷик Шаббос Негматуллоев шикаст хӯрд.
Баходур Усмонов стал чемпионом по боксу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Баҳодур Усмонов ҳам шикаст хӯрд: Олимпиада барои муштзанҳои тоҷик низ хотима ёфт
Пас аз ӯ ҷудокорон яке пайи ҳам шикаст хӯрданд. Дар 1/16 рӯзи 26 июл Сомон Маҳмадбеков аз ҳарифи озарбойҷонияш шикаст хӯрд.
Санаи 27 июл, Акмал Муродов дар набард бо намояндаи Гурҷистон дар марҳилаи интихобӣ мағлуб шуд.
Рӯзи дигар - шикасти дигар: 28 июл Комроншоҳ Устопириёнро варзишкори фаронсавӣ аз идомаи рақобатҳо маҳрум сохт.
Дар марҳилаи интихобӣ ҳамчунин муштзани гаронвазн Сиёвуш Зухуров аз ҳарифи фаронсавияш мағлуб шуд.
Темур Раҳимов низ пас аз як пирӯзӣ рӯзи 30 июл дар даври 1/16 ниҳоӣ аз варзишгари гурҷӣ мағлуб шуд.
Бегун Ильдар Ахмадиев на Олимпиаде в Токио - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Олимпиада барои давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев низ бидуни дастовард хотима ёфт
Худи ҳамон рӯз, шиноварони тоҷик низ Олимпиадаро тарк карданд. На Анастасия Тюрина ва на Олимҷон Ишанов натавонистанд аз даври интихобӣ берун шаванд.
Субҳи 31 июл низ барои мухлисон аз Токио хабари хуб набуд: варзишгарон охирин шонси дастёбӣ ба медалро аз даст доданд.
Муштзан Баҳодур Усмонов аз варзишгари ӯзбек мағлуб шуд ва давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев натавонист аз варзишгарони африқоӣ дар давидан ба масофаи 100 метр пеш гузарад.
Лентаи хабарҳо
0