Тӯйи "Толибон"*: чаро зан - модарро бад мебинанд?

© AFP 2023 / MUSTAFA OZERМусульманка, архивное фото
Мусульманка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Обуна шудан
“Толибон”* на фақат аз қавонини шадид ва шаллоқу муҷозоти асримиёнагӣ даст набардоштанд, балки мавҷе аз хушунат алайҳи занонро дар вилоятҳои шимоли Афғонистон ба роҳ андохтанд
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Ҷангиёни "Толибон"* бо таҳияи "рӯйхати арӯсон" зери шиори ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва татбиқи исломи ноб, амалан канизсозии арзони занон дар музофоти шимоли Афғонистонро роҳандозӣ кардаанд, мегӯянд бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи зан дар ин кишвар.
Як эъломияи катбии “Толибон”* дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифта буд, бар асоси ин нома “муҷоҳидини фисабилуллоҳи Аморати исломии Афғонистон” ба хотири “пиёда ва амалӣ намудани ислом” ва баркандани “решаи ҷаҳолату бединӣ ва мушкилоти иҷтимоии ҷавонон” дар Бадахшону Тахор ва дигар вилоятҳои шимол ба арбобони қавм, маликҳои қарияҳо ва мулло имомони масоҷид амр намудаанд, то рӯйхати духтарони ҷавон, ки болотар аз 15 сол син доранд ва хонумҳои беваро, ки синнашон аз 45 сол поёнтар аст, “ба комиссиюни фарҳангии муҷоҳидини Аморати исломӣ” таслим намоянд.
“Иншоаллоҳ, ин хоҳарон ба никоҳи шаръии муҷоҳидин омада ва ғарази фарогирии дурусти ноби исломӣ ва пазируфтани исломи азиз ба таври комил ба Вазиристон ва мадориси исломӣ (-и Покистон) интиқол хоҳанд шуд”, - омадааст дар эъломия.
Ин санадро бархе сохти дасти идораҳои истихборотии Афғонистон ба манзури “сиёҳ” кардани чеҳраи “Толибон”* арзёбӣ карданд, аммо мудофеъони ҳуқуқи зан дар кишвар бар инанд, вазъ бадтар аз он аст, ки дар ин санад омадааст.

Зангирӣ бо таҳдиди марг ва маҳри арзони “Толибон”*

Отифа Раҳимӣ (номи тағйирёфта), як раҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи занон дар шаҳри Толиқони вилояти Тахор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, гузоришҳои зиёде ба онҳо расидааст, ки ҷаълӣ набудани ин эъломияро собит мекунанд ва “Толибон”* амалан аз ин роҳ ба канизгирӣ машғуланд.
Ӯ гуфт, вақте ин гуруҳ Дашти Қалъа, вулусволии ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол кард, як ҳафта ҳар рӯз дасти кам ду тӯйи хонадоршавии толибҳо, ки иддае ҳам покистониянд, бо духтару хонумҳои маҳаллӣ баргузор мешуд.
“Онҳо бузургони қавмро таҳдид мекунанд, ки агар духтарону занонро муаррифӣ накунанд, кушта хоҳанд шуд. Мардум ё духтарони худро фирор дода, пинҳон мекунанд ё маҷбуранд, ба Толибон пешниҳод кунанд”, - гуфт Отифа Раҳимӣ.
Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон аз дигар вилоятҳои шимол талош мекунанд аз суҳбат дар ин боб худдорӣ намоянд, бархе ҳатто инкор мекунанд, ки “Толибон”* дар маҳалли онҳо бо чунин корҳо машғул ҳастанд.
Баширхон Аҳмадӣ, сокини вилояти Ҷузҷон, мегӯяд, мардон ин қабил ҳаводисро аз шарму нанг ба забон намеоранд ва ин дардро мисли ҷоми заҳр қурт мекунанд, аммо воқеият аз ин талхтар аст, ки гуфтаву шунида мешавад.
“Фармондеҳон ва дигар калонҳои толиб то чаҳор зан мегиранд. Масалан, вулусволи номниҳоди “Толибон”* дар вулусволии Хумоби Ҷузҷон дар ду моҳ чаҳор зан гирифтааст. Толибҳои оддӣ низ як – як хонадор мешаванд. Онҳо низ аз як то ду зан мегиранд, зеро маҳре, ки медиҳанд, хеле ночиз аст”, - гуфт Аҳмадӣ.
Пожарные тушат горящие многоквартирные дома после израильских авиаударов в городе Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Толибон* мегӯянд, ки онҳоро Ҳинд бомбаборон мекунад
Маҳру харҷи тӯйҳои афғонӣ хеле гарон аст. Масалан, барои як духтар то 10 ҳазор доллар ба волидайнаш маҳр медиҳанд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, “Толибон”* инро “ҷаҳолату бединӣ” номида, таҳти шиори “ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷавонон” аъзои худро арзон соҳиби зану хонавода мекунанд.
“Дар навбати худ, “Толибон”* аз ин роҳ сарбозгирии худро аз миёни ҷавонони маҳаллӣ афзудаанд, ба ин маъно, ки ҳар кас ба онҳо пайваст, бидуни харҷи зиёд соҳиби зан хоҳад шуд”, - гуфт Аҳмадӣ.

“Канизи даст ба даст”

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон аз воқеиятҳои ногувори дигаре низ суҳбат мекунанд, ки аслан боваркарданӣ нест. Яке аз онҳо, ки нахост номашро ифшо кунем, гуфт, агар толиб кушта шуд, зани ӯро нафари дигар ба никоҳ медарорад ва агар ин нафар ҳам кушта шавад, зан боз ба нафари дигар мерасад.
“Бадтар аз ин бархе як муддат бо як зан никоҳӣ зиндагӣ карда, ӯро талоқ медиҳад ва ё дар ихтиёри нафари дигар мегузорад. Ё ин занро ба Покистон бурда, он ҷо ба канизӣ мефурӯшад. “Толибон”* дар гузашта низ бо занон чунин мекарданд ва онҳоро ҳамчун каниз мефурӯхтанд”, - гуфт ӯ.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Пешравиҳои нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Тахор - навор
Вай дар шарҳи ин ки чаро “Толибон”* ин қадар ба занҳо зулм раво мебинанд, гуфт, онҳо аз хурдӣ дур аз модару хоҳар ва дар мадориси Покистон миёни мардон бузургу мағзшӯӣ мешаванд ва нафрат ба зан дар мағзу ҷони онҳо аз ҳамон хурдӣ ҷой карда мешавад.
“Толибҳои мадориси покистонӣ дарсҳоеро хондаанд, ки дар онҳо зан “гумроҳкунандаи мард”, “манбаи фитнаву фасод”, “ҳамдасти шайтон” ва “сабабгори ронда шудани инсон аз биҳишт” муаррифӣ мешавад. Аз ин хотир, толибҳо ҳеҷ меҳре ба модар, хоҳар ва ҳамсари худу дигарон надоранд, балки онҳоро ҳамчун канизу василае барои зиндагии мард, ҳатто моли тиҷорат тасаввур мекунанд”, - гуфт ӯ.

“Ҷанг барои зан”: вазъ дар замони шоҳу шӯроҳо

Зан яке аз мавзуъҳои ҳассос дар Афғонистон аст. Мавзӯе, ки кам касе алоқа дорад, сараш суҳбат кунад, аммо бо ин ҳам намешавад рӯи занситезиҳои “Толибон”* парда кашид ва ҷиноятҳои онҳоро надид.
Отифа Раҳимӣ ҷанги чилсолаи Афғонистонро “ҷанг барои зан” мехонад, зеро ҳар низоме, ки дар Афғонистон ба вуҷуд омадаву меояд, аввал бо зан сарукор мегирад ва тамоми сахтиҳо қабл аз ҳама бар сари занон меафтанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар даврони шоҳ (1930-1970) занон то ҷое озодӣ доштанд. Дар замони коммунистҳо (1979 – 1990) зан озод буд ва ҳар гуна ки мехост либос мепӯшид ва ҳар ҷо, ки мехост, озод мерафт, зикр кард Раҳимӣ.
“Дар давраи муҷоҳидин (1992 – 1996) зан зери бурқа (фаранҷӣ) рафт, аммо ҳаққи озод гаштану кор карданро дошт. Дар замони “Толибон”* (1996 – 2001) зан комилан хонашин карда шуд ва ҳақ дошт фақат бо иттифоқи нафари маҳрам (падар, шавҳар ё бародар) – аш аз хона барояд”, - гуфт Отифа Раҳимӣ.
Яке аз сокинони вулусволии Рустоқи Тахор қисса мекунад, ки “Толибон”* як духтари ҷавонро фақат ба ин хотир ки танҳо аз хона баромадааст, мавриди латукӯби шадид қарор додаанд.
“Толибон”* ӯро дар чавки Рустоқ дастаҷамъона бо қундоқи силоҳу чӯбдаст шаллоқкорӣ карданд. Ҳеҷ касе ҳам ба ин, ки ин духтари ҷавон маҷбур буд барои овардани дору барои модари маризаш баромада буд, таваҷҷӯҳе накард. Ӯро сахт зери шаллоқ гирифтанд, то ин ки мӯйсафедони маҳал вориди саҳна шуда, ӯро халос накарданд”, - гуфт ӯ.
“Толибон”* замони зуҳури аввалини худ дар солҳои 90-ум низ ҳамин гуна як сиёсати занситезонаро пеш гирифта, ҳаққи занон ба кору таҳсилро инкор ва ҳаракати озод дар шаҳру кишварро манъ карда буданд. Ҳоло ҳам дида мешавад, ки пас аз 25 сол тағйире дар андешаву рафтори онҳо ба вуҷуд наомадааст.

Кӣ зан дар Афғонистонро наҷот медиҳад?

Зан дар Афғонистон бори сангини фоҷиаҳоро бар дӯш мекашад. Дар бошгоҳи беҷошудагони дохилӣ дар минтақаи Корезҳои вулусволии Наҳри Шоҳии Мазори Шариф даҳҳо зани беваро метавон вохӯрд, ки бо на кам аз чаҳор фарзанд дар пайи кушта шудани шавҳаронашон дар ҷангҳо алайҳи “Толибон”* хонаву дари худро партофта, фирор кардаанд.
© Sputnik Бошгоҳи беҷошудагони дохилӣ дар минтақаи Корезҳои вулусволии Наҳри Шоҳии Мазори Шарифи Афғонистон
Бошгоҳи беҷошудагони дохилӣ дар минтақаи Корезҳои вулусволии Наҳри Шоҳии Мазори Шарифи Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Бошгоҳи беҷошудагони дохилӣ дар минтақаи Корезҳои вулусволии Наҳри Шоҳии Мазори Шарифи Афғонистон
Хонуме аз вилояти Форёб, ки нахост номашро зикр кунем, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар фирор намекард, ба ин далел ки ҳамсари муҷоҳид ва як зиддитолиб аст, ӯро ба зӯрӣ ба никоҳи худ медароварданд ва фарзандонашро азият медоданд.
“Ҳоло фарзандонам дар кӯчаҳои Мазори Шариф гадоӣ мекунанд. Чизу чораамонро гирифта, хонаҳоямонро бо бамб инфиҷор доданд. Ман намедонам, ки бо чаҳор фарзанд куҷо биравам”, - гуфт ӯ.
Вазъи занони фармондеҳони зиддитолиб ва сарбозони онҳо низ аз ин бадтар аст. Гоҳе шуда, ки “Толибон”* занони онҳоро бо вуҷуди зинда будани шавҳаронашон ба никоҳи ҷангиёни худ медароранд, агар бадбахтии дигареро ба сарашон наоранд.
Он чӣ дар ин қиссаҳо қобили таваҷҷӯҳ аст, хомӯшии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ва занон дар ҷаҳон аст, ки ба ин фоҷиаҳои зани афғон чашм пӯшидаанд, гӯё ки чунин бояд бошад ва дигар гуна ҳам наметавонад буд. Гузашта аз ин, бисёр кишварҳо аз ҷомиаи Афғонистон мехоҳанд “Толибон”* – ро ба ин ҷиноятҳо бипазиранд ва ҳатто ҳукумати онҳоро эътироф кунанд.
Dr. Latif Pedram - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Сафари Латиф Пидром ба Бадахшон - акс
Аммо ҳукумати Афғонистон имрӯзҳо ба як амалиёти фарогир дар саросари кишвар алайҳи “Толибон” омодагӣ мегирад, то бисоти ин гуруҳи ноқизи ҳуқуқи башарро ҷамъ кунад.
Бархе ҳам бар инанд, ки ин гуруҳ агарчи нақшаҳои пуштибонони худро хуб иҷро кард, аммо натавонист дар миёни мардуми Афғонистон обрӯву эътибор ба даст орад ва маҳкум ба шикаст шудааст.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0