Дар шаҳри Ҳисор беш аз 700 иншооти ҷашнӣ бунёд шуд

© Sputnik / Амир ИсаевМузей Гиссарского заповедника
Музей Гиссарского заповедника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Обуна шудан
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода аз бунёди беш аз 700 иншооти ҷашнӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 30-солагии Истиқлол ва Солҳои рушди деҳот (2019-2021), бунёди 866 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 722 адади он ба баҳрабардорӣ расидааст, гуфт дар нишасти хабарӣ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси сокинони шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони маҳаллӣ танҳо дар ҷашни Наврӯз 111 иншоот ва дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ 185 иншоот ба истифода дода шуд.
Гиссарская крепость - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
"Урфу одатҳои мо якест": бонувони ӯзбеку қирғиз аз Қалъаи Ҳисор боздид намуданд
Ҷумазода ҳамчунин гуфт, ки дар шаҳри Ҳисор, 74 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.
Корхонаҳои мазкур маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва маводи сохтмонӣ истеҳсол мекунанд.
То ин давра марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли бомпӯшҳои ранга дар назди ҶДММ "Истеҳсоли турба ва профили тоҷик" бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпӯш дар як сол бо таъсиси 15 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли бомпӯши ҶДММ "Юсуфҷон-2020" бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпӯш дар як сол бо таъсиси 20 ҷойи кор ба баҳрабардорӣ расидааст.
Ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли зарфҳои калонҳаҷми пластикӣ аз ҷониби ҶДММ "Импекс Компания" бо таъсиси 10 ҷойи кор, корхонаи коркарди санги ҶДММ "Авесто гурӯҳ" бо таъсиси 11 ҷойи кор ва корхонаи истихроҷи қуму шағали ҶДММ "Сарвати саноат" бо таъсиси 7 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуданд.
Лентаи хабарҳо
0