Бародари Нурмуҳаммадов варзишкори амрикоиро аз пой афтонд: видеои набарди диданӣ

Обуна шудан
Ба Усмон Нурмуҳаммадов ояндаи муваффақтар аз писарамакаш Ҳабиб пешгӯӣ мешавад
Варзишкори услуби омехтаи (MMA) Русия Усмон Нурмуҳаммадов дар мусобиқаи Bellator 263, Луис Мурои амрикоиро мағлуб кард.
Ин аллакай пирӯзии дуввуми варзишгар дар ин промоушен аст. Вохӯрӣ пеш аз муҳлат хотима ёфт: Усмон амрикоиро нокаут кард.

"Муро назар ба оне, ки ман интизор будам, каме боқувваттар буд, аммо боке нест. Ман бо ҳар касе, ки гӯянд, мубориза хоҳам бурд", - гуфт ин размикор дар нишасти матбуотӣ пас аз мубориза.

Ба гуфти Нурмуҳаммадов, ӯ ба тамошобинони ин мусобиқа куштингирӣ ва грэпплингу натиҷаи машқҳои сахтро нишон дод. Варзишгар таъкид кард, ки намехоҳад фаъолияташро зуд хотима диҳад.
"Ватан он ҷост, ки хуш ҳастӣ": чаро Ҳабиб ба хотири Украина тарки Русия карданӣ буд
Нурмуҳаммадов гуфт, ки дастгирии оила ва дӯстонро эҳсос мекунад.
"Ин дар хуни ҳамаи мо аст. Ин ба ман чӣ гуна таъсир мерасонад? Ман намехоҳам наздикони худро рӯҳафтода кунам. Як фишори андаке ҳаст, аммо он ҳам ба таври қавӣ ангеза мебахшад", - гуфт ин варзишкор.
Ёдовар мешавем, ки Усмони 23-сола писарамаки собиқ қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов аст.
Болеян Чоршанбиевро буғӣ кард: ӯ ҳатто "тап-тап" накард - видео
Пеш аз мубориза, варзишгаре, ки айни замон қаҳрамони Bellator 263 аст, изҳор дошт, ки Усмон муборизи боистеъдодтарин аст.
Ба Усмон Нурмуҳаммадов ояндаи муваффақтар аз писарамакаш Ҳабиб пешгӯӣ мешавад. Аллакай, задухӯрдҳо бо иштироки ӯ ҳам мухлисони ММА ва ҳам букмекерҳоро ба шӯр овардаанд.
Лентаи хабарҳо
0