Обхезӣ дар шарқи Афғонистон ҷони 113 нафарро гирифт

© AFP 2023 / Wakil Kohsar Разрушения после наводнения в Афганистане
 Разрушения после наводнения в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Обуна шудан
Дар деҳаи Меҳердиши музофоти Камдеш обхезии шадид ба амал омад
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар шарқи Афғонистон, дар вилояти Нуристон, боронгариҳои зиёд боиси обхезии шадид шуд.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 113 нафар кушта ва 70 тани дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад Tolo News бо истинод ба вазири идоракунии офатҳои табиӣ Ғулом Баҳоуддин.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Эълони зарари сел дар водии Зарафшон: КҲФ гуфт, ҷасади ду тани дигарро мекобанд
Дар деҳаи Меҳердиши музофоти Камдеш обхезии шадид ба амал омад. Манбаъҳои расмӣ қаблан аз марги 40 нафар хабар дода буданд.
Аммо, ба гуфти бархе аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ, 150 шаҳрванд қурбонии сел шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар минтақаи офат 150 хона хароб шудааст.
Пештар шабакаи телевизионии Ariana News бо такя ба маълумоти расмӣ аз 58 кушта ва 140 бедаракшуда хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0