Қоидаҳои нав: аз 1 август дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксСдача мигрантами экзамена по русскому языку
Сдача мигрантами экзамена по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Қоидаҳои нав ба тартиби супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия дахл доранд
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар Русия аз 1 август ба низоми супоридани имтиҳонот барои муҳоҷирон як қатор тағйиротҳо ворид шуд.
Яке аз навовариҳо фармоне аст, ки тибқи он маводҳои имтиҳонот аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия дар давоми се соли пас аз супоридан ва гирифтани шаҳодатнома, нигоҳ дошта мешавад. Пас аз муҳлати муқарраршуда онҳо аз база хориҷ карда мешаванд.
Илова бар ин, дар кишвар як қоидаи нав эътибор пайдо кард, ки шакл ва тартиби гузаронидани имтиҳонро аз ҷониби ташкилотҳое, ки ба рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Русия дохил карда шудаанд, танзим мекунад. Ин ҳуҷҷат барои шаш сол эътибор дорад.
Мигранты в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
"Созишномаи садоқат" барои муҳоҷирон дар Русия чӣ навгонӣ меорад
Аз 1 август барои муҳоҷирон дар Русия фармони дираге рӯи кор меояд, ки қоидаҳои ташаккули низоми иттилоотии "Феҳристи федеролии маълумот дар бораи таҳсилот ва (ё) тахассус, ҳуҷҷатҳо оид ба омӯзиш" -ро муқаррар мекунад.
Тибқи санади чорум, ки эътибор пайдо кард, тартиби ҳисоб кардани арзиши хидмат барои гузаронидани имтиҳон аз забони русӣ муқаррар карда шудааст.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад
Маблағи ҳадди ниҳоӣ барои гирифтани иҷозат барои иқомати муваққатӣ ё иҷозат барои иқомат 5,9 ҳазор рубл ва барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент 3,8 ҳазор рубл хоҳад буд.
Пештар хабар дода шуд, ки аз 1 август имтиҳонҳо барои хориҷиён дар Русия аз рӯи супоришҳои нав гузаронида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала