Даргузашти чеҳраи бузурги журналистикаи Русия: Ясен Засурский дунёро падруд гуфт

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент факультета журналистики МГУ Ясен Засурский
Президент факультета журналистики МГУ Ясен Засурский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Ясен Николаевич Засурский, президенти факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар синни 92 - солагӣ даргузашт.
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Ҳамкорон ва дӯстони профессор ба наздикони бузургтарин чеҳраи журналистикаи рус таъзия баён доранд.
Имрӯз хадамоти матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав хабар дод, ки президенти факултаи журналистика Ясен Николаевич Засурский дар синни 92 -солагӣ даргузашт.
Засурский яке аз охирин омӯзгороне буд, ки аз замони таъсисёбии факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав кор мекард.
 Марҳабо Юсупова, корманди Донишгоҳи Хуҷанд даргузашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Ҳамагӣ 42-сола: Марҳабо Юсупова, корманди Донишгоҳи Хуҷанд аз коронавирус даргузашт
"Чунин ба назар мерасид, ки Ясен Николаевич ҳамеша бо мо мемонад, ҳамон тавре, ки муҷасамаи Ломоносов дар ҳавлии факулта. Ва гап сари он ҳам нест, ки Засурский охирин омӯзгорест, ки аз замони таъсисёбии он дар соли 1952 дар факулта кор карда буд", - иттилоъ додааст дафтари матбуоти факултет.
Манбаъ ишора кардааст, ки ҳар рӯзи ҳаёти факултаи журналистика бо номи оқои Засурский рабт дорад.
Ясен Засурский соли 1929 дар шаҳри Маскав таваллуд шудааст. Аз солҳои 1965-2007 декани факултаи журналистика буд, сипас президенти он интихоб шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала