Таркиши шадид дар анборе дар Тошканд: як кас ҳалок ва се тан захмӣ шуд

© Пресс-служба МЧС Узбекистана В Сергелийском районе в одном из складских помещений произошла вспышка газовоздушной смеси
В Сергелийском районе в одном из складских помещений произошла вспышка газовоздушной смеси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони Вазорати ҳолатҳои фавқулода харобаҳоро тоза мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд дар яке аз анборҳо таркиш рух дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои вазорат, ин ҳодиса як рӯз пеш дар маҳаллаи "Қушкурғон" тахминан соати 19.30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Запуск новейшей ракеты Авангард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Ҳодисаи нохуш: таркише дар кони Шӯроби Исфара куштаву захмӣ ба ҷой гузошт
Гуфта мешавад, ки ба ҷуз аз анбор, бинои маъмурии корхона низ фурӯ рехтааст ва нонбойхона ҳам, ки дар наздикии он воқеъ аст, қисман хисорот дидааст.
Дар паи таркиш як корманди корхона ба ҳалокат расиа, се нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини гуногун бардоштанд. Ҳамаи захмиён дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Тибқи гузориши пешакӣ, таркиш аз сабаби газ рух додааст.
Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда харобаҳоро тоза доранду намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар шӯъбаҳои марбута низ кор мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала