Туркия ба хотири пешгирӣ аз муҳоҷират дар марзаш бо Эрон девор месозад

© REUTERS / JANIS LAIZANSСолдаты литовской армии устанавливают забор из колючей проволоки на границе с Белоруссией в городе Друскининкай
Солдаты литовской армии устанавливают забор из колючей проволоки на границе с Белоруссией в городе Друскининкай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Сабаби сохтмони девор дар марзи Эрону Туркияро Эмин Билмез, роҳбари вилояти Ван Меҳмет дар "фишори муҳоҷират"-ӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Раиси вилоят гуфт, ки девор дар марз бо Эрон, ки 64 км ташкил медиҳад то охири соли 2021 сохта шавад ва ҳоло омодагӣ ба тендер барои 63 км боқимондаи марз идома дорад, иттилоъ додааст рӯзномаи МК.
Оқои Билмез гуфт, деворе, ки сохта мешавад хусусияти низомӣ дорад. Ғайр аз ин марз бо симхораҳо, минтақаҳои назоратӣ, манораи алоқа мустаҳкам карда мешавад, ки бо камераҳои назоратӣ ва сенсорҳо ва низоми назорати оташ муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
Гуфта шудааст, ки Туркия бо Эрон 534 километр марз дорад ва он ба як гузаргоҳи муҳоҷирони Афғонистон табдил ёфтааст. манбаъ хабар додааст, ки аксари афғонҳо тариқи Эрон фирор карданд. ин раванд баъд аз хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз ин кишвар ва пешравиҳои ҷангҷӯёни Толибон (созмони мамнӯъ дар Русия) сурат гирифт .
Военнослужащий армии Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Эрон нерӯҳояшро ба марз бо Афғонистон интиқол медиҳад: видео
Бояд гуфт, ки Туркия розӣ шудааст, пас аз хуруҷи комили нерӯҳои ИМА аз Афғонистон дар моҳи сентябр амниятӣ фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба номи Ҳомид Карзайро бар ӯҳда гирад.
Анкара боварӣ дорад, ки метавонад бо Толибон (созмони мамнӯъ дар Русия) барои таъмини амнияти фурудгоҳҳо музокирот кунад, ҳатто агар ин гурӯҳ аз Туркия талаб кунад, ки комилан Афғонистонро тарк намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала