Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Фавт нест, вале теъдоди беморон афзуд: вазъи коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевВ Душанбе открылась ярмарка школьных товаров
В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Дар Тоҷикистон давоми 24 соати гузашта ягон ҳолати марг аз вируси корона ба қайд гирифта нашудааст, аммо теъдоди гирифторон афзудааст
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik.Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи охир, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст, вале 78 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст. Ин теъдод нисбати ба рӯзе қабл бештар мебошад. Рӯзи 30 июл аз беморшавии 75 кас хабар дода шуд.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 78 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 86 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 1 август дар кишвар 15082 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 1556 нафар (96,4%) шифо ёфтаанд.
Иностранные туристы на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
"Одамон дар хонаҳояшон мурда истодаанд": ҳоли зори мардуми Бартанг дар пандемия - навор
Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар дар замони пандемия ба 121 нафар мерасад.
300 рӯзи бемории коронавирус: ба кӣ таҳдид мекунад
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Дастури Аҳмадзода алайҳи коронавирус: 1,8 миллион сокини Суғд ваксина мегиранд
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва CoronaVac пешниҳод мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала