Замони баргузории бозиҳои дӯстонаи тимҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон маълум шуд

© Фото : Официальный сайт Федерации футбола ТаджикистанаМатч "молодежки" Таджикистана против Узбекистана
Матч молодежки Таджикистана против Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Ҳар ду бозии дӯстона ҳам дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-15) бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона мегузаронад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Футбол: ғолибони бозиҳои даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон муайян шуданд
Гуфта мешавад, ки ҷавонони Тоҷикистон даъвати нав таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Нахустин голи футболбози тоҷик дар Белорус ва шикасти "Динамо Минск"
Бозиҳои дӯстона байни тимҳои ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистон то 15 -сола, рӯзҳои 11 ва 13 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешаванд.
"Бозиҳо соати 19:30 оғоз мешаванд", - омадааст дар хабанима.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонон (U-16) тирамоҳи оянда баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала