Боздошти марди 29 -сола бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 29-сола хабар дод, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран дар ноҳияи Мастчоҳ боздошти марди 29-сола сурат гирифт.
ВУД иттилоъ додааст, ки кормандони милитсия ин мардеро, ки сокини ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ мебошад ва пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда будааст, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки номбурда ба сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад .
Нож, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2020
Боздошти марди 43 сола барои сӯиқасд ба ҷони ду зан дар ҳолати мастӣ
Иттилоъ дода шудааст, ки марди 29-сола санаи 31-уми июли соли равон, аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи истиқоматии, марди 33-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бустон омада, бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба рӯй ва гардани охирин задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - қайд кардааст манбаъ.
тибқи иттилои ВУД-и Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 2, 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала