Марде, ки дар чарогоҳи Айнӣ бедарак гардид, аввал хару хӯрҷин ва сипас ҷасади ӯ ёфт шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешСтадо овец, архивное фото
Стадо овец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Ин мард ҳамагӣ 29 сол дошт ва феълан иллати марги ӯ норӯшан аст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ сокини 29 - солаи деҳаи Патрӯд аснои бозгашт аз чарогоҳ бедарак шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар ҳудуди деҳоти Фондарё ғайб зад ва шаби якуми август, сокинони маҳаллӣ дар соҳили Патрӯд хӯрҷину хари ӯро пайдо намуданд, вале аз худаш дараке набуд.
Манбаъ меафзояд, субҳи рӯи 2 август, тахминан соати 06:00 дақиқа ҷасади марди бедаракшуда дар мавзеи пули Мушкон дар соҳили Патрӯд пайдо гардид.
КҲФ мегӯяд, ҷасади марди 29 - сола ба пайвандони ӯ супорида шуд, вале иллати марги ӯ ҳамоно номаълум аст.
Ҳамзамон, манбаъ аз як ҳодисаи нохуш дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки бар асари он ноболиғи 13 - сола ҷон аз даст дод.
Мужчина прыгнул в воду, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Шаҳрванди 31 - солаи Чин дар канали Ёвон ғарқ шуд
Гуфта мешавад, сокини 13 - солаи ноҳияи Сино аснои шиноварӣ дар кӯли Ҷавонон ғарқ шудааст.
Кӯдак бо камераи автомашина вориди дарё шуд, вале аз беэҳтиётӣ ғарқӣ кӯл шуд. Ҷасади ин ноболиғ бегоҳи рӯзи гузашта ба пайвандони ӯ супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0