Дар хона табобат мегирифт: даргузашти Ғанӣ Раупов, директори Литсейи техникии Хуҷанд

© Sputnik Ғанӣ Раупов, директори Литсейи техникии Хуҷанд
Ғанӣ Раупов, директори Литсейи техникии Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Ғанӣ Раупов, директори Литсейи касби техникии № 31 и шаҳри Хуҷанд бар асари бемории коронавирус дар синни 59 – солагӣ дунёро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Даврон Раупов, писари марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, падараш ду ҳафтаи охир дар хона бо “коронавирус” мубориза мебурд, вале саҳарии дирӯз ҷон ба ҷонофарин супурд.
“Дар хона табобат мегирифтанд. Рӯзашон буд будааст, ғайринтизор дирӯз бандагӣ карданд”, - гуфт манбаъ.
Марҳум аз риёзидонҳои варзидаи Хуҷанд маҳсуб мешуд, ки то дами маргаш вазифаҳои пурмасъули маорифи Суғдро ба иҷро расонидааст.
Раупов Ғанӣ Ғафурович 16 июни соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, соли 1985 фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори фанни математика дар мактаби № 47 и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурӯъ намудааст.
 Марҳабо Юсупова, корманди Донишгоҳи Хуҷанд даргузашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Ҳамагӣ 42-сола: Марҳабо Юсупова, корманди Донишгоҳи Хуҷанд аз коронавирус даргузашт
Соли 1993 ҳамчун омӯзгор ба мактаби № 19 и Хуҷанд гузашта то соли 2011 дар ин боргоҳи таълим дар вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия кор кардааст. Солҳои 2005 – 2007 ҷонишини мудири шуъбаи маорифи Хуҷанд буд.
Ба ин тартиб ҳамчун директор дар макотиби № 30 и Хуҷанд ва 14 и шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) фаъолият намудааст.
Соли 2016 директори Литсейи касбӣ техникии № 31 шаҳри Хуҷанд таъйин шуда, ҳудуди панҷ соли охир дар ин вазифа кор мекард. Раупов Ғанӣ аз омӯзгорони риёзидони Хуҷанд маҳсуб мешуд, ки пайваста ба рушди тарбияи насли наврас машғул буд.
Тақдими мукофоти давлатӣ ба Шералӣ Миристоев аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Ҳоҷӣ Шералӣ даргузашт: мотам дар оилаи соҳибкорон - Миристоевҳо
Барои меҳнати поквиждонааш, соли 2002 ба унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2017 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали барои “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст. Ҳамчунин дар тӯли фаъолияти беш аз 35 солааш бо даҳҳо ифтихорнома ва сипосномаҳои ҳукуматӣ қадрдонӣ шудааст.
Ҳамсабақонаш аз ӯ як омӯзгори касбӣ ёд карда даргузашти бармаҳали ӯро як талафоти ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд. Ҳамсабақонаш аз Раупов як омӯзгори касбӣ ёд карда, даргузашти бармаҳали ӯро талафоти ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.
Ҷанозаи Ғанӣ Раупов зуҳри дирӯз, бо иштироки аҳли пайвандон ва ҳамкорону ҳамсабақонаш дар қабристони маъруф ба “Болтухон” и Хуҷанд ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0