Фавти стюардесаи 30-солаи “Сомон Эйр”: талаби ҷубронпулӣ барои таъмини ду духтарчааш

© акс аз саҳифаи фейсбукии Раҷаб МирзоФарангис Сафарова, корманди марҳуми "Сомон Эйр"
Фарангис Сафарова, корманди марҳуми Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Наздикони Фарангис Сафарова, стюардесаи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, ки ба гуфтаашон дар ҷои кор гирифтори коронавирус шуду даргузашт, аз ширкати корфармо ҷуборонпулӣ мехоҳанд. Фарангис 30 сол дошт ва аз ӯ ду духтари ноболиғ боқӣ мондаанд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Азизмурод Сафаров , падари Фарангиси ҷавонмарг мегӯяд, қариб як сол аст, ки муроҷиати онҳо ба “Сомон Эйр” барои ҷубронпулӣ ҳалношуда боқӣ мондааст.
Бар асоси арзи Сафаров, ки рӯзноманигор ва фаъолияти ҷамъиятӣ, Раҷаби Мирзо дар гуруҳи "Ахбор барои афкор" нашр кардааст, Фарангис Сафарова аз соли 2013 дар ширкати "Сомон Эйр" ба сифати стюардесса кор мекард,
“29 июни соли 2020 пас аз бозгашт аз рейси навбатӣ аз Алма -Ато ӯ худро ноҳинҷор эҳсос намуд. Чун авҷи бемории коронавирус буд, ӯ фавран ба бахши тиббии Фурудгоҳи Душанбе муроҷиат кард. Маълум гашт, ки бадбахтона Фарангис ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Дар ин бора маълумотнома ҳам доданд. Мутаассифона ӯро аз коми марг наҷот дода натавонистанд ва 6 -уми июли соли 2020 ду фарзанди ноболиғи худро боқӣ гузошта, фавтид”, - изҳор доштааст Азизмурод Сафаров.
Ӯ афзудаст, дар Шаҳодатномаи фавт низ ишора шудааст, ки раҳматӣ аз коронавирус даргузашт.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
“Кангурт дар мотам”: даргузашти соҳибкори тоҷик, молики “Алиса” ва тарабхона дар Русия
Ҳуқуқшиносон ба хонаводаи ҷабрдида фаҳмондаанд, ки вақте корманд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ бемор мешаваду ин боис ба марги ӯ мегардад, қонунгузорӣ ҷубронпулӣ муқаррар намудааст ва ӯ бояд ба роҳбарияти "Сомон Эйр" дар ин бора муроҷиат намояд.
Сафаров изҳор доштааст, ки гарчанде ҷубронпулӣ духтарашро баргардонда наметавонад, тариқи гирифтани ҷубронпулӣ ақаллан сарпаноҳе барои фарзандони ноболиғаш харанд ё харҷи таҳсилашон намоянд.
Падари ҷабрдида мегӯяд, моҳи сентябри соли 2020 бо мактуб ба роҳбарияти "Сомон Эйр" муроҷиат намуд, вале масъала ҳалли худро наёфтааст.
Феълан назари ҷониби “Сомон Эйр” дар бораи ин иддао маълум нест ва дар сурати дастрас шудан дар ин саҳифа нашр хоҳад шуд.
Наздикони Фарангис бо маслиҳати ҳуқуқшиносон зимни талаби ҷуброн ба банди 343-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон такя мекунанд, ки кафолатҳои ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ва фавти корманд пешбинӣ шудааст. Онҳо мегӯянд, дар қисми 6 - и ин қонун ба таври равшану фаҳмо зикр шудааст, ки дар сурати фавти корманд дар ҳолатҳои вобаста ба кор, ба одами фавтида ба андозаи на камтар аз музди меҳнати 60 - моҳа кумакпулии яквақта дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0