Ғанӣ ваъда дод дар майдони ҷанг барои Афғонистон зонуҳои Толибро мешиканад

© AFP 2021 / WAKIL KOHSAR Президент Афганистана Ашраф Гани
 Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, маҳз консенсус калиди муваффақият ва давомат аст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури афғонистон гуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар назди ҷангҷӯёни гурӯҳи родикалии Толибон (мамнӯъ дар дар қаламрави Русия) ва дигар гурӯҳҳои харобкор ба зону нахоҳад зад.
“Ё мо ба зону мезанем, то муколама кунем, ё зонуҳояшонро дар майдони набард мешиканем. Дигар илоҷ нест, мо интихоби худро кардем, ҳоло Толибон* бояд интихоби худро кунанд", гуфт Ғанӣ ҳангоми суханронаш дар назди вакилони парлумон гуфт.
Ба гуфтаи Ғанӣ, маҳз консенсус калиди муваффақият ва давомат аст.
"Вақти он расидааст, ки дар як масъалаи муҳим муколамаи умумимиллӣ оғоз шавад. Ба ҷои айбдор кардани якдигар ваҳдати миллӣ лозим аст. Мо дар як имтиҳони бузурги миллӣ қарор дорем", - гуфт раисҷумҳури Афғонистон.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Генерали амрикоӣ аз ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Афғонистон ҳушдор дод
Вай таъкид кард, ки таҷовуз, ҷанг ва исён дар қаламрави ин кишвар аз хориҷ тарҳрезӣ шудааст.
"Ғайр аз нерӯҳои амниятӣ ва дифоӣ, кӯшиш кунед, ки сокинонро сафарбар кунед, овози худро бар зидди исён баланд кунед. Мо ҳамчун миллат бояд як тасмими ҷиддӣ бигирем. мо ҳамеша хоҳони он будем, ки як ҷумҳурии воқеӣ созем ва ҳуқуқи ҳамаи афғонҳоро баробар созем", - гуфт Ғани.
раисҷумҳури Афғонистон илова кард, ки Толибон* воқеан ҳам тағир ёфтаанд, онҳо ваҳшитар шудаанд. Вай инчунин таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки хунрезӣ ба кишвар фоида надорад.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала