60 -сола, падари серфарзанд, зодаи Данғара, собиқ раиси Хатлон: сафири нав дар Русия кист?

© Sputnik / Амир ИсаевГулмахмадзода Д.К. глава комитета окружающей среды Таджикистана
Гулмахмадзода Д.К. глава комитета окружающей среды Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Президент сафири нави Тоҷикистон дар Русияро таъйин кард
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, бо як фармон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналиро сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин кард.
"Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъин карда шавад", - омадааст дар фармони раисиҷумҳур.
Гулмаҳмадзода дар ин мақом Иммомуддин Сатторовро иварз кард.
Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Сатторов бо фармони Президент барканор шуд: курсияшро кӣ гирифт
То расидан ба курсии сафирӣ, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ вазифаи муовинии сарвазири Тоҷикистонро ба зима дошт

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ 10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.
Миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад.
Соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Русияро хатм кардааст.
Ихсиосҳояш - муҳандис-заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои иқтисод буда забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Гулмаҳмадзода узви Маҷлиси миллии МО ҶТ, вакили МВХ вилояти Хатлон мебошад. Соли 2006 бо ордени "Шараф" дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст. Ӯ падари шаш фарзанд аст.

Собиқаи корӣ

Солҳои 1978-1980 коргари совхози Ленини ноҳияи Данғара.
Солҳои 1980-1982 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, Русия.
Солҳои 1982-1987 донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд.
Солҳои 1987-1989 сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод.
Хусрав Нозирӣ, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Раҳмон Нозириро барканор карду барои мақоми нави байналмилалияш розигӣ дод
Солҳои 1989-1993 раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара.
Солҳои 1993-1995 раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон.
Солҳои 1995-2000 муовини вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2000-2001 раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2001-2006 раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2006-2008 директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2008-2010 муовини раиси вилояти Суғд.
Солҳои 2010-2013 раиси шаҳри Турсунзода.
Солҳои 2013-2019 раиси вилояти Хатлон.
Аз январи соли 2019 раҳбари Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз феврати 2020 то кунун муовини сарвазири Тоҷикитон буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала