Ҳукми Брежнева барои куштори Довудов, муҳоҷири 56-сола дар Маскав

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузаштан ба хазинаи аксМолоток судьи. Архивное фото.
Молоток судьи. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷазо гирифтани гунаҳкор дар қатли Довудов Гулаҳмад, муҳоҷири 56-сола дар вилояти Маскав хабар дод
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст, ки додгоҳи шаҳри Звенигороди вилояти Маскав Брежнева Л.В – ро дар қатли Гулаҳмад Довудов гунаҳкор дониста, ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум намудаст.
Манбаъ афзуд, тафтишот муайян намудааст, ки Брежнева дар пайи муноқиша бо корд ба шиками Довудов чор зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат расидааст.
Додситонӣ зикр кард, ки ҷасади Гулаҳмад Довудов, зодаи соли 1963 аз шаҳри Норак, бо аломатҳои марги маҷбурӣ моҳи декабри соли 2019 ба Ватан оварда шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қазияро таҳти назорат гирифта, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон бо Додситонии кулли Русия дархост ирсол карданд.
В СИЗО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2018
Аввалин аъзои “банда ФСБ” барои куштори муҳоҷирон дар Урал ба 24 сол маҳкум шуд
Дар натиҷа гунаҳкор муайян ва соли равон ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудааст. Таъкид шудааст, ки маҳкумшуда муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ паси сар хоҳад кард.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳар як ҳодисаи қатли шаҳрвандон дар хориҷаро таҳти назорати махсус гирифта, дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала