Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мясников фавти нафаронеро, ки алайҳи COVID ваксин гирифтаанд, шарҳ дод

© Sputnik / Владимир ПесняГлавный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Мясников мавориди фавти нафаронеро, ки алайҳи ин беморӣ ваксин гирифта буданд, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Пизишки рус ва муҷрии барномаи телевизион, Александр Мясников мегӯяд, афкоре, ки гӯё нафари ваксингирифта ҳаргиз мариз намешавад ва муҳимтар аз ҳама дучори фавт намегардад, комилан хатост.
Ӯ мегӯяд, ваксин ҳаёти абадиро намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ваксина танҳо хатари гирифторӣ ба COVID-19 ва бемор шудан бо шакли вазнинро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Аммо ваксина давои ҳамаи дардҳо нест ва он инсонро намиранда намекунад.

"Ман мехоҳам хотиррасон кунам, ки ваксинаи COVID эликсири ҷовидонӣ нест. Он ҳаёти абадӣ намедиҳад. Маризони дилу қанд, саратону дигар бемориҳо, ки дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол меёбанд, дар бештарин ҳолат мефавтанд. Онҳо маҳз аз ҳаргуна вирусҳо ҷон мебозанд", - навиштааст Мясников дар канали Telegram.

Ӯ гуфт, ҳоло ба вирусҳои мавҷуда, коронавирус ҳам шомил шудааст.
Аз ин рӯ, Мясников зикр намуд, ки ба ваксинзанӣ бештар пиронсолон ва гирифторони бемориҳои вазнин ниёз доранд.
Ӯ мегӯяд, гарчанде ин категория маризон масунияти заифтар доранд, вале ваксин имконияти зинда мондани онҳоро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0