Парвандаи дигари корманди “Суғдзаминсоз” барои заминфурӯшӣ: 3700 доллар гирифтааст

© Sputnik / Алексей Бойцов / Гузариш ба медиабонкКупюра, доллар
Купюра, доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон корманди “Суғдзаминсоз”-ро бо иттиҳоми заминфурӯшӣ боздошт кардааст
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник заминсози Корхонаи давлатии фаръии “Суғдзаминсоз” кор карда истода даст ба чунин кор задааст.
Номбурда бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А”, барои тайёр карда додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин барои манзили истиқоматии сохтмонаш нотамом дар якчанд ҳолат дар маҷмӯъ маблағи 3700 доллар гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Ҳакимов бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2021
Оҷонсӣ техник заминсози “Суғдзаминсоз”-ро боздошт кард
Қаблан Оҷонсӣ хабар дода бур, ки Ҳакимов дар як ҳолати дигар барои гирифтани 206 ҳазору 150 сомонӣ муттаҳам мешавад.
Ин ниҳод гуфт, корманди “Суғдзаминсоз” ин маблағро аз шаҳрванд Раупов Акрам Расулови даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0