Раҳмон Нозириро барканор карду барои мақоми нави байналмилалияш розигӣ дод

© сомонаи ВКХ ТоҷикистонХусрав Нозирӣ, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ
Хусрав Нозирӣ, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат Хусрав Нозириро аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод карда, барои таъйинаш ба мақоми нави байналмилалӣ розигӣ дод
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Хусрав Нозирӣ бо розигии Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба мақоми Дабири кулли СҲИ таъйин гардид.
Хусрав Нозирии 54 – сола хатмкардаи факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар мақомҳои сафир дар Миср, Африқои ҷанубӣ, Эфиопия, подшоҳии Марокаш кор кардааст.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Нозирӣ забонҳои русӣ, англисӣ ва арабиро медонад, оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.
Заседание совета министров иностранных дел, организация экономического сотрудничество - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2018
СҲИ барномаи нави мусоидат ба Афғонистонро қабул кард
Созмони ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки Нозирӣ ба мақоми дабири кулли он таъйин шудааст, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, узви СҲИ шудаанд. Санаи 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардид.
Ба итилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, кишварҳои узви СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд, ки барои амалисозии он ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд.
Лентаи хабарҳо
0