Садамаи маргбори зану шавҳар дар Варзоб: ба ду мошин заданду ба соҳили дарё сарозер шуданд

© SputnikРека Варзоб, архивное фото
Река Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Ҳамсари ронанда пас аз як соати интиқол ёфтан ба бемористон ҷон аз даст дод
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар роҳи мошингарди Душанбе - Варзоб садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, ки як хонавода аз шаҳри Душанберо мотамзада кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш дар 15 километрии роҳи мошингарди "Душанбе-Чаноқ- Варзоб рух дод.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай Авента", сокини 48 - солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди "Душанбе-Чаноқ-Варзоб" аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромад.
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Бархӯрди маргбор: ҳалокати нолобиғ ва ҷароҳати ду наврас дар садама
Зимнан, ӯ бо мошинаш ба автомашинаи тамғаи "Опел Астра" бархӯрда, ҳаракаташро идома дода, боз ба автомашинаи тамғаи "ДЭУ Тико"бархӯрд ва ба соҳили дарёи "Варзоб" сарозер шуд.
Манбаъ меафзояд, ронанда ва мусофираш, ки ҳамсари ӯ буд, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
"Ҳамсараш пас аз як соати интиқол ёфтан ба бемористон, ҷон аз даст дод", - таъкид мешавад дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идорма дорад.
Лентаи хабарҳо
0