Сафири Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон сафир дар Молдова таъйин шуд

© МИД РТВ Киеве Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан Давлатали Назризода вручил верительные грамоты Президенту Украины Владимиру Зеленскому
В Киеве Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан Давлатали Назризода вручил верительные грамоты Президенту Украины Владимиру Зеленскому - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Молдова таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Файзулло Холобобоевро иваз кард
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон рӯзи 2 август Файзулло Холбобоевро аз мақоми сафир дар Молдова озод кард. Холбобоев моҳи сентябри соли гузашта аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Украина низ озод шуда буд.
Бар асоси фармони дигари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон сафир дар Молдова таъйин гардид.
Давлаталӣ Назризода сентябри соли гузашта бо фармони раисиҷумҳур ба мақоми сафир дар Украина таъйин гардида буд. Маросими супоридани эътимоднома ба президенти Украина, Владимир Зеленский моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта, аз он замон то ҳол Назризода дар ин мақом фаъолият дорад.
Владимир Головатюк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Ҷанҷоли муносиботи маҳрамона? Сафири Молдова дар Русия ва Тоҷикистон бозхонд шуд
Сафири Молдова дар Русия Владимир Головатюк саросемавор ба Кишинёв бозхонд шуд, хабар дод ахиран РИА Новости бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
Мавриди зикр аст, ки ӯ сафири Молдова дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон буд.
Тибқи иттилои расмӣ, сафир барои машварат ва арзёбии фаъолияти намояндагии дипломатӣ ва инчунин ҷанбаҳое, ки ба фаъолияти ӯ марбутанд, ба Молдова даъват карда шуд.Бархе расонаҳо ин бозхондро ба моҷарои шаҳвоние рабт медиҳанд, ки гӯиё сафири Молдова корманди сафоратро ба муносиботи маҳрамонона водор кардан хостааст.
Лентаи хабарҳо
0