Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Шавкат Мирзиёев алайҳи коронавирус ваксин гирифт

Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Котиботи Президенти Ӯзбекистон дақиқан нагуфт, ки Шавкат Мирзиёев бо кадом ваксин эмгузаронӣ шуд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв ҳамаи даврҳои ваксингириро сипарӣ намуд, изҳор дошт сухангӯи ӯ Шерзод Асадов ба Sputnik.
Аз Асадов пурсида шуд, ки Президент ваксин гирифтааст ё на ва агар гирифта бошад, бо кадом навъ эмгузаронӣ шудааст.
Сухангӯи раисиҷумҳур дар посух ҷавоб дод, ки "президент ҳамчун шаҳрванди масъулиятнок, албатта ваксин гирифтааст".
Ӯ гуфт, замоне, ки Мирзиёев ваксин гирифт, дар Ӯзбекистон се навъ ваксин: ZF-UZ-VAC2001 - ӯзбекӣ - чинӣ, "Спутник V" - и Русия ва AstraZeneca - и бритонӣ - шведӣ дар гардиш буданд.
"Президент бо яке аз ин се ваксин пурра давраи ваксингузарониро паси сар кард", - таъкид намуд Асадов.
Ёдовар мешавем, ки кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов низ чанде пеш ваксин гирифт ва лаҳзаи эмгузаронии ӯ расонаӣ шуд.
Президент Кыргызстана Садир Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Бо "Sinopharm": Содир Ҷабборов алайҳи коронавирус ваксин гирифт - видео
Бар хабари сомонаи Sputnik Қирғизистон, Ҷабборов бо ваксини сохти Чин - "Sinopharm" эм шуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Русия Владимир Путин ҳам ҳар ду воя ваксин алайҳи ин маризиро гирифт. Қаблан Владимир Путин бо кадом ваксин эм шудани худро пинҳон мекард, вале баъдан иқрор намуд, ки бо "Спутник V" эм карда шуд.
Бобати ваксин гирифтан ё нагирифтани раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягон маълумот рӯи даст нест.
Ахиран Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус эълон кард, ки дар Тоҷикистон афроди аз 18 - сола боло ҳатман бояд ваксин гиранд. Аз ваксингирӣ танҳо занони ҳомилаву соҳиби кӯдакони ширмак ва нафароне, ки тоза бемори коронавирус гардидаанд, канор мемонанд.
Лентаи хабарҳо
0