Собянин афзоиши таваррум дар Русияро ба камбуди муҳоҷирон рабт дод

Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Камчин будани муҳоҷирон дар Русия ба афзоиши таваррум дар ин кишвар оварда расонд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Норасоии муҳоҷирон қисман сабабгори афзун шудани таваррум дар кишвар гардид, изҳор дошт мири шаҳри Маскав Сергей Собянин.
Шаҳрдори Маскав қайд кард, ки тобистони соли 2020 барои ду моҳ кор дар майдонҳои сохтмонӣ баста шуд.
"Дар натиҷа, ширкатҳои сохтмонӣ шумораи зиёди одамонро ихтисор карданд ... Ин боиси болоравии арзиши меҳнат шуд ва ҳама чизи дигар низ афзоиш ёфт. Зеро вақте ки музди меҳнат бе афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ боло меравад, ҳар як иқтисоддон ба шумо мегӯяд, ки ин ба чӣ оварда мерасонад. Барои ҳамин мо афзоиши таваррумро мебинем", - тавзеҳ дод Собянин.
Зимнан ба суоли оё муҳоҷирон сабабгори зиёд шудани таваррум гардиданд, шаҳрдор посухи мусбат дод.
"Бале қисман чунин аст. Аниқтараш на муҳоҷирон, балки набудани онҳо сабаб шуд", - илова намуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Собянин афзуд, ки тиҷорат дар ҳоли мутобиқшавӣ қарор дорад ва таъкид намуд, ки "ҳаҷми кор на танҳо кам нашуд, балки афзоиш ҳам ёфт.
Сдача мигрантами экзамена по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Қоидаҳои нав: аз 1 август дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад
Маврид ба зикр аст, ки пандемия соли гузашта равобити ҳавоӣ ва заминиро миёни аксар кишварҳо баст. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон имкони ба Русия барои муҳоҷират рафтанро пайдо накарданд. Таъсири маҳдудиятҳое, ки соли гузашта ҷорӣ ва имсол ҳам қисман идома доранд, шадидан эҳсос мешаванд.
Аз ҷумла, миёни Русия ва Тоҷикистон парвозҳои мустақимро ҳамагӣ ду ширкат анҷом медиҳанд. Аз сабаби кам будани шумораи парвозҳои мустақим нархи чиптаи ҳавопаймоӣ ба маротиб гарон аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала