Содироти маҳсулот аз аввали сол аз Тоҷикистон ба 1,2 миллиард доллар расид

© Пресс-служба президента РТБобозода Шавкат министр промышленности и новых технологий РТ
Бобозода Шавкат министр промышленности и новых технологий РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Обуна шудан
Роҳбари Агентии содироти Тоҷикистон таъкид доштааст, ки нишондиҳандаҳои содирот дар таърихи кишвар бесобиқа мебошанд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди ҳукумати кишвар, ахиран зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки дар шаш моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,2 миллиард доллар маҳсулот содирот шудааст.
Вай қайд кард, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88,3 дарсад зиёд мебошад.
"Ин як нишондиҳандаи рекордӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон аст" - гуфт Бобозода.
Инчунин ба гуфтаи роҳбари Агентӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 дарсад афзоиш ёфтааст.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
“Ба хориҷа беш аз 106 ҳазор тонна сабзавот ва мева фурӯхта шудааст. Ҳиссаи асосии содирот пиёз - 84,7 ҳазор тонна ва меваи хушк - тақрибан 12 ҳазор тонна буд”, - қайд кард Шавкат Бобозода.
Роҳбари Агентии содирот махсусан қайд кард, ки имсол бори аввал маҳсулоти кишоварзӣ мустақиман аз заминҳои кишти вилояти Хатлон содирот шудааст.
"Зиёда аз 50 дарсади молу коло аз ҷумҳурӣ ба Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Белгия содирот шудаанд. Бо баргузории форуми "Бохтар Фуд-2021" имкон пайдо шуд, ки бо мизоҷони хориҷӣ робитаи мустақим ба роҳ монем",-гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Агентӣ кори худро барои баргузор намудани семинарҳо, барои тавлидкунандагони тоҷик оид ба омодасозии молҳо барои содирот, ба хусус дар бахши бастабандии маҳсулот мувофиқи стандартҳои байналмилалӣро ба роҳ мондааст.
"Бо ин мақсад дар назди Агентӣ Мактаби содиротӣ таъсис дода шудааст", - гуфт ӯ.
Бобозода гуфт, ки барои афзоиши содирот бояд се мушкил - ҳавасманд кардани содиркунанда, диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ ва содда кардани тартиби фиристодани мол ба хориҷи кишварро ҳал намуд.
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Вазири тоҷик гуфт буҷаи кишвар чӣ қадар даромад гирифтааст
"Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон афзалиятҳои худро дорад. Пеш аз ҳама маҳсулоти мо аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Баъд, сабзавот ва меваҳо дар кишвари мо барвақт мепазанд ва аз ин бояд истифода кард", - гуфт раиси Агентии содирот.
Оқои Бобозода гуфт, ки Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти худ ба омӯзиши бозорҳои Чин ва дигар кишварҳои Осиё оғоз кардааст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз таваҷҷӯҳ ба пиёз, сабзавот ва меваҳои тару тоза, меваҳои хушки Тоҷикистон хеле зиёд аст.
“Тиҷорат бо Афғонистон дар ҳоли рушд аст. Тоҷикистон ба он ҷо ангишт, семент ва дигар маҳсулот мефиристад. Ба мо пандемия мушкилот ворид мекунад, вазъи сиёсии Афғонистон, ба содирот ва воридоти мол монеъ намешавад” – зикр кард Бобозода.
Раиси Агентии содирот қайд кард, ки яке аз камбудиҳои асли ин бештар содироти ашёи хом мебошад.
“Мутаассифона, мо асосан ашёи хом мефиристем ва раисҷумҳур дар назди вазифа гузошт, ки содироти маҳсулоти тайёрро зиёд кунем. Истеҳсолкунандагон дар ин самт кор карда, технология ва таҷҳизоти заруриро барои коркарди маҳсулоти ватанӣ ворид мекунанд”, - гуфт Шавкат Бобозода.
Лентаи хабарҳо
0