Тоҷикистон то ҳол пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ дорад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМинистр экономразвития и торговли Завки Завкизода
Министр экономразвития и торговли Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҷумҳурӣ барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб надоранд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири иқтисод ва савдо имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро то ҳол баррасӣ дорад.
Вазири тоҷик афзуд, ки то кунун барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тавофуқе нашудааст.
“Ин мавзуъ ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ аст”, -қайд кард Завқи Завқизода.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зикр кард, ки ин иттиҳод тоза таъсис шудааст ва барои ҳар кишваре, ки мехоҳад узви он шавад, муҳлате лозим аст то паҳлӯҳои мухталифи ин мавзӯро баррасӣ кунад.
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Ҳамгироӣ дар АвруОсиё: Путин ва Раҳмон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
“Замони дақиқи тасмимгирии он мушаххас нест, зеро дар ин бора набояд зуд тасмимгирӣ шавад”, - гуфт вазир.
Ёдрас мешавем, ки мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳафт сол аст, ки дар дастури кори ин ниҳод қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала