Рӯзи тарбуз ва зодрӯзи Имомназар Ҳақназар: 3 август дар таърих

День 3 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Рӯзи сеюми август аз Рӯзи ҷаҳонии тарбуз ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Нигерия аз Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 3 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1795 Консерваторияи Порис таъсис дода шуд.
Соли 1922 Радиои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон таъсири садоро (радиоэффект) истифода бурд.
Соли 1952 дар пойтахти Финландия – шаҳри Хелсинки маросими ба итмом расидани бозиҳои XV олимпии тобистона баргузор гардид, ки 19 июл ифтитоҳ гардида буд.
День 1 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Зодрӯзи Раҷаб Амонов ва Акбаршо Искандаров: рӯзи 1 август дар таърих
Сли 1980 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими хотимаёбии бозиҳои XXII олимпии тобистона баргузор шуд.
Соли 1926 дар майдони Пиккадилли аввалин маротиба дар Лондон чароғаки роҳ (светофор) насб гардид.
Соли 2002 аввалин маротиба дар Русия роҳи оҳани босуръат ба истифода дода шуд.

Рӯзи 3 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2016 масоили вақт ва дурнамои муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Франсия, махсусан дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.
День 31 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Зодрӯзи Санавбар Боқиева ва Валерий Манин: рӯзи 31 июл дар таърих
Соли 2011 дар шаҳри Панҷакент бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар назди корхонаи муштараки "Зарафшон" коргоҳи нави заршўӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он дар як шабонарўз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо ҷудо кунад.
Соли 2015 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА баррасӣ гардид

Ҷашнҳои рӯзи 3 август

Дар Нигерия – Рӯзи истиқлолият.
Рӯзи тарбуз

Рӯзи 3 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1909-1978 ) – кинооператор, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Иброҳим Боромиков.
Соли 1938 – ходими намоёни санъати Тоҷикистон Ато Аҳроров.
Соли 1945 – шоир Алимуҳаммад Муродӣ.
Соли 1956 – рӯзноманигор Имомназар Ҳақназар.
Соли 1960 – рӯзноманигор Нуъмон Низомӣ.
Соли 1962 – шоир Қосимҷон Зарифӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала